Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
назари онҳо рехтаро, баргашта андаке болотар бардорад. Мехост ҳамаро бо гап банд кунад, то он воқеа фаромӯш гардад. Ва сар кард ба ривоят аз аҷоиботу ғаройботи олам, аз комёбиҳои илму фан ва худ дам ба дам як ҷуръа арақ менӯшид ва аз болояш шубот мехӯрд. Ва аз таъсири нӯшокиҳо тасфаш баландтар мешуд ва чунон қиссаҳое мегуфт, ки бӯрониҳои бечора намедонистанд ба кадомаш бовар кунанду ба кадомаш не.
— Мана худатон мулоҳиза кунед, — мегуфт ӯ ва ҳангоме ки нигоҳи афсунгари чашмони серҳаракаташро ба аҳли сӯҳбат медӯхт, шишаҳои айнакаш ҷило меафшониданд, — агар аз рӯи инсоф гап занем, дар таърихи бани-башар хушбахттаринӣ одамонем. Ана ту, Едике, дар миёни мо аз ҳама калонсолтарӣ. Ту, Едике, медонӣ, ки пеш аҳвол чӣ буду ҳоло чӣ гуна аст. Ман чӣ гуфтанӣ ҳастам? Пеш одамон ба худо эътикод доштанд. Дар Юнони Қадим худоҳо дар болои Олимп гуфтанӣ кӯҳе истиқомат мекарданд. Аммо чӣ гуна худоҳо буданд онҳо? Масхарабоз барин як чиз... Аз дасташон чӣ кор меомад? Байни ҳамдигар ҳархаша мекарданд, ки овозааш то замони мо расидааст; ба дигар кардани зиндагонии одамон қодир набуданд, дар ин хусус фикр ҳам намекарданд. Худашон ҳам, яъне ин худоҳо, набуданд. Ҳамаи ин гапҳо аз асотир омадааст. Яъне аз афсона. Хушбахтона, худоҳои мо дар паҳлуи худамон ҳастанд, ана дар он ҷо дар космодром, дар сарзамини Сари Озек ва мо дар пеши назари аҳли олам аз ин ифтихор дорем. Ҳеҷ кадоме аз мо онҳоро намебинад, намешиносад: ҳеҷ кас, ҳеҷ кадом, масалан гирем, Миркинбою Шийкимбой ҳад надорад, ҳақ надорад, ки ба онҳо наздик шаваду даст дода бигӯяд: ассалому алайкум, аҳвол читу, бардам-бақувват ҳастед? Бо вуҷуди ин худованддони ҳақиқи ҳамонҳо ҳастанд! Мана ту, Едике, ҳайрон мешавӣ, ки онҳо ба воситаи радио киштиҳои кайҳониро чӣ тавр идора мекунанд? Ва ҳол он ки ин ҳеҷ гапе нест, ин давраи кайҳо гузашта рафтааст. Аппаратҳо, мошинҳо аз рӯи барнома кор мекунанд. Ҳоло замоне меояд, ки одамонро ба мисли он автоматҳо ба воситаи радио идора мекунанд. Гапи мана фаҳмидед? Одамонро, яъне аз хурд то калон ҳамаро идора мекунанд. Ана ҳамин гуна иттилооти илмӣ кайҳо боз вуҷуд дорад. Илм ба ҳамин поя расидааст, албатта дар асоси манфиатҳои олӣ.
— Исто, исто манфиатҳои олия як сӯ монда ист! — сухани ӯро бурид Одилбои Дароз. — Ту дурусттар гап

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё