Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин тавр бошад, йигитҳо, ба кайҳон, ба фаҳми ман, мушаки беодам рафтааст? Хӯш вая кӣ идора мекардааст?

— Кӣ идора мекунад? — бо тааҷҷуб каф ба каф зад Собитҷон ва ба Едигеи нодону нофаҳм бо тантанае назар афканд.— Он ҷо, Едике, ҳама кора радио мекунад. Аз рӯи фармони Замин, аз Маркази идоракунӣ. Ҳама корҳоро радиокатӣ буд мекунанд. Фаҳмидӣ? Ҳатто дар киштии кайҳоннавард бошад ҳам, парвози онро ба воситаи радио раҳнамоӣ мекунанд. Кайҳоннавард, масалан гирем, ягон кор карданист, барои ин вай бояд аввал иҷозат пурсад... Ҳа-а, укаҷонаки азизам, ту ба Қаранорат савор мешавию ба кадом тарафи Сари Озек дилат хоҳад рафтан мегирӣ... Аммо дар он ҷо масъала бисёр мураккаб, ҳа...

— Э ҳоло гап ин ту бигӯ...— зери лаб ғур-ғур намуд Едигей.

Худи усули ба воситаи радио идора кардани чизе барои Едигеи Бӯронӣ тамоман номафҳум буд. Дар тасаввури вай радио садое буд, ки аз мағзи ҳаво гузашта, аз масофаи дур мерасад. Чизи беҷонро ба ин тариқа чӣ хел идора мекунӣ? Дар даруни он чиз одам бошад, гапи дигар: фармонҳоро ба ҷо меорад — ё ин тавр кун, ё мана он тавр кун. Едигей мехост ин нозукиҳоро пурсида, бифаҳмад, аммо ба худ қарор дод, ки лозим не. Дилаш накашид. Дигар чизе нагуфт. Собитҷон чизҳои донистаашро бо як оҳанги мутакаббирона мегуфт, бисёр мутакаббирана. Худатон аз дунё бехабареду боз маро назаратон намегирад, ана ин язнаи майзадаам бошад, ҳатто ба сарам мушт бардошт, аз гулӯям дошта хафа карданӣ буд, лекин ман дар ин масъалаҳо аз ҳамаи шумо донотарам. «Хайр, ҳаволаат ба Худо, — аз дил гузаронд Едигей. — Беҳуда то туро ҳамаи умр хононда бу-дем? Охир, аз мо, нохондаҳо, як чиз-ним чиза зиёдтар донистанат зарур-дия. Боз чунин хаёле ба сари Едигеи Бӯронӣ омад: «Ҳамин хел одам ба мансаб расад, чӣ мешуда бошад? Ҷони ҳамаа ба лабаш меорад, зердастонашро маҷбур мекунад, ки худро ҳамадон тарошанд, ба сари баъзеҳо об мерезаду халос. Ҳоло фақат телпак-дастёр асту мехоҳад, ки ҳама, хусусан инҷоиҳо, сари-озекиҳо, як лаҳза чашм аз даҳонаш накананд...»

Собитҷон воқеан нияте дошт, ки бӯрониҳоро тамоман моту мабҳут кунад, саркуб кунад ва ба ҳамин восита обрӯи баъд аз моҷарои нангин бо хоҳар ва язна дар

пешина
аз 293
навбатӣ