Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Барои чӣ? — аз ҳама пештар савол дод Собитҷон абрӯвони худро маънидор ва бо викор боло кашида. Вай ширакайф шуда буд. Сару рӯяш арақ карда, суп-сурх шуда буд.

— Намедонам, ҳеҷ чиз нагуфтанд. Мавҷи «Маяк»-ро дошта, гӯш ба қимор меистодам. Ҳатто як даҳан хабар надоданд...

— Наход?! Не, ин хел намешавад! — густохона изҳори шубҳа намуд Собитҷон ва зуд як ҷуръа арақро фурӯ бурда, аз болояш шубот ошомид. — Ҳар як парвоз ба кайҳон — ин воқеаи ҷаҳонист... Фаҳмидӣ? Ин обрӯи мо дар илм ва сиёсат!

— Надонам чаро нагуфтанд. Ба хабарҳои охирин ҳам махсус гӯш додам, хулосаи матбуотро шунидам...

— Ҳм! — сар афшонида гуфт Собитҷон. — Дар ҷои худам, дар идора мешудам, ман албатта мефаҳмидам! Ба кас алам мекунад, чин занад! Шояд дар ин ҷо ягон сир бошад, а?

— Кӣ медонад, ки дар ин ҷо ягон сир ҳаст ё дар он ҷо. Фақат ба ман бисёр алам кард, ба худо, — самимона арзи ҳол мекард Одилбои Дароз. — Барои ман вай гӯё кайҳоннаварди ошноям бошад. Дар пеши назарам парид, охир. Шояд, гуфтам ба дилам, ягон кас аз йигитҳои худамон парвоз карда бошад, а? Расо хурсандӣ мекардем-да! Рафту дар ягон ҷо рӯ ба рӯ шуда монем, чӣ хел аҷоиб мешуд-а...

Собитҷон, ки аз кадом як андешаи худ ба ҳаяҷон омада буд, миёни сухани Одилбойро бурид:

— Ҳа-а, шуд, фаҳмидам! Киштии бепилот сар додаанд. Яъне ки барои озмоиш.

— Чӣ хел озмоиш? — ба ӯ чашм ало кард Одилбой.

— Озмоиш-да, варианти эксперимент яъне ки. Барои санҷиш. Сафинаи бепилот, масалан гирем, барои васл шудан ё ба мадор баромадан парвоз кард, лекин ҳоло ҳозир маълум нест, ки оқибат чӣ мешавад. Ҳамаш соз гузарад, сонӣ ҳам аз радио, ҳам аз рӯзномаҳо хабар медиҳанд. Дар акси ҳол хабар намедиҳанд. Яъне ки озмоиши илмӣ.

— Ман хаёл кардаам, ки одами зинда парвоз кард, — ҳасратомез гуфт Одилбой пешониашро хорида.

Ҳама ба сукут рафтанд. Аз шарҳи Собитҷон димоғи ҳама сӯхт. Эҳтимол сӯҳбат дар ин мавзӯъ бо ҳамин тамом мешуд, лекин банохост худи Едигей гапро ба дигар паҳлӯ гардонид:

пешина
аз 293
навбатӣ