Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

чок мекунанд, ба мисли як ҷуфт аспи ки ба як кӯш бастаанду ба ҳам муносиб афтодаанд. Аммо имрӯз арақ нӯшидан лозим набуд. Лекин ба одамони каппа-калон чӣ тавр мегӯӣ, ки нанӯшед. Худашон бояд аклашонро кор фармоянд. Хайрият, шавҳари Ойзода ҳоло ҳозир нанӯшида менишаст, чунки одами майзада як ҷуръа арақ нӯшад, кораш тамом. Вай фақат шубот менӯшид, аз афташ, мефаҳмид ба ҳар ҳол ки дар маросими дафни хусур маст шуда ғелидан кори аз ҳад берун аст. Аммо худо медонад, ки боз чӣ муддате тоқат карда метавониста бошад.

Онҳо ба ҳамин тариқа сӯҳбат карда менишастанд. Одилбой ба меҳмонон шӯрбо рехта медод. Инак, мизбон бо дастони дарозаш — ҳа, дастони ӯ дароз-дарозанд ва айнан ба мисли бозувону хокандоҳои экскаваторҳо ҳаму росту болову поён мераванд — косаи навбатиро аз он сӯи хонтахта ба Едигей дароз карда, гуфт:
— Едике, динашаб, ман ба ҷои шумо ба навбат истодаму ҳанӯз шумо дур нарафта, гӯё дар осмон як чиз тарқид, ҳатто ман калавида рафтам. Нигоҳ кунам, аз космодром мушаке ҷахида ба осмон баромад! Як калон ки!.. Сутун барин! Шумо ҳам дидед?
— Набошад чӣ! Даҳанам боз шуда мондааст! Ана қуввату мана азамат! Ҳамту ба оташ печидагӣ, фақат боло мераваду боло меравад, гӯё ки сару сомонаш нест! Дилима ваҳм зер кард. Ҳамин қадар солҳо дар ин ҷо зиндагонӣ мекунаму ин хелашро акнун дидам.
— Ман ҳам бо чашми худам акнун дидам, — эътироф кард Одилбой.
— Э ту бо ҳамин қади дарозат акнун дида бошӣ, мо баринҳо кай мебинем? — ҳазломез гуфт Собитҷон.
Одилбои Дароз дар ҷавоб фақат лабҳанде кард.
— Гап дар қад не, — гуфт ӯ, — Нигоҳ мекардаму худам ба худам боварам намеомад — дар оғӯши осмон оташе меғуррад! Ҳа, гуфтам, боз як кас ба кайҳон баромад. Роҳи сафед ба ту! — гуфтам. Сонӣ гӯшакҳои транзисторро тофтан гирифтам. Ман вая доимо ҳамроҳам бардошта мегардам. Ҳозир аз радио хабар медиҳанд, гуфтам дар дилам. Одатан рост аз худи космодром гап мезананд. Диктор ҳам аз хурсандиаш гӯё дар митинг нутқ карда истодагӣ барин гап мезанад. Мӯи баданат сих мехезад! Ҳа, Едике, бисёр мехостам бидонам, ки вай кист, парвози киро ман бо чашми худам дидам. Лекин нафаҳмидам.

пешина
аз 293
навбатӣ