Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

тавонашон зиндагонӣ мекунанд-мекунанду баъд ба ягон ҷои хубтар кӯчида мераванд, дар дилаш тахмин мезад Едигей. Лекин агар онҳо аз ин ҷо бираванд, ҷояшон, афсӯс, хоп-холӣ шуда мемонад...

Едигей мӯзаи кирзашро ҳанӯз дар дами даромадгоҳ кашида, ба хонаи дарун даромад ва пойҳои ҷуроппӯшашро ба такаш қат карда баҳузур нишаст ва бори аввал дар ин рӯз ҳис кард, ки хаста ва гурусна шудааст. Ба девори тахтагин такя намуда, ба хаёл рафт. Меҳмонони дигар аз назди ӯ, аз атрофи хонтахтаи мудаввар чой гирифта, бо овози паст аз ину он сӯҳбат мекарданд...

Сӯҳбати ҳақиқӣ баъдтар сар шуд. Сӯҳбати аҷибе буд он. Едигей киштии ҳавоии шаби гузашта парвоз кардаро кайҳо фаромӯш карда буд. Лекин донишмандон ин ҷо чизҳое гуфтанд, ки Едигей шунида, ба андеша афтод. Не, «вай акнун ҳама чизро фаҳмида гирифт», гуфта намешуд, вай аз гуфтаҳои онон ва аз ин воқеаҳо бехабар мондани худ ҳайрон шуд. Аммо рости гап, бехабар мондам, гуфта ҳиҷолат ҳам накашидааст, чунки ҳамаи ин парвозҳои кайҳонӣ, ки хушу ёди атрофиёнро машғул медоштанд, ба назари ӯ як чизи бисёр дур, ҳатто сеҳромез ва қариб бегона барин мерасиданд. Ва аз ин сабаб ба ҳамаи ин воқеаҳо ҳам хушшӯрона ва ҳам бо эҳтиром назар мекард, чунон ки иттифоқо ягон амри муктадири бешахсият ва бекиёфае пайдо гардад, вай дар шуураш «хайр, ҳамту шудааст-да» гӯён ба қайд мегирифту бас. Лекин манзараи сафинаи ба осмон шитобанда ӯро ба изтироб оварда, хушашро тасхир карда буд. Дар хонаи Одилбои Дароз ана аз ҳамин хусус сӯҳбат сар шуд.

Онҳо аввал шубот менӯшиданд, яъне қимиз аз шири уштур. Шуботи бисёр олӣ буд: сардакак, ба коса резӣ, қафк мекунад, биошомӣ, кайф медиҳад. Коргарони мусофир, нозирони роҳ аз ин шубот шикамсерӣ мехӯранду онро пивои Сари Озек меномиданд. Ҳамроҳи таоми гарм соҳиби хона арак ҳам овард, Едигей Бӯрони одатан аракро бинад, рӯй намегардонид, ба хотири ҳамсӯҳбатон кам-кам менӯшид, аммо ин дафъа пиёларо ба даст нагирифт ва бо ин кори худ ба хаёлаш дигаронро низ таъкид мекард, ки нанӯшанд беҳтар мешавад, чунки фардо ба роҳи дури вазнине бояд бароянд. Вай медид, ки дигарҳо, хусусан Собитҷон, ба нӯшонӯш саргарм мешаванд, аракро нӯшида, аз болояш шубот мезананд. Шуботу арак ба ҳамдигар соз мегиранд, димоқи касро

пешина
аз 293
навбатӣ