Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ҳа, дар арафаи маросими дафни ҳамин гуна як воқеаи нохуш рӯй дод. Чеҳраи Едигей сахт гирифт. Қавоқаш овезон шуд ва боз ҳамон саволҳо дилашро гург барин тала мекарданд, ки чаро фарзандони онҳо ба ин тариқа ба воя расидаанд? Магар умеди Қазонкопу Едигей аз онҳо ҳамин буд? Магар ба ҳамин умед дар гармои тобистон ва сармои зимистон онҳоро ба интернати Кумбел мебурданд, то ки онҳо хонанд, илм ёд гиранд, одам шаванд, дар қасабаҳои ноободи Сари Озек монда, зиндагонии бемаънию пуразобе сар набаранд ва баъд аз тақдирашон домангир нашаванд: ана, падару модарон ғами моро нахӯрданд ва ҳоли мо чӣ шуд... Ҳа-а, умед чӣ буду оқибат чӣ шуд... Чаро онҳо одами дуруст нашуданд? Чӣ халал расонид, ки ба қатори инсон дароянд, инсоне ки аз сӯҳбаташ дили одам беҷо нашавад?
Боз Одилбои Дароз кор дод, бо ақлу фаросот тадбире кард, ки вазъи Едигей он шаб хеле сабук шуд. Вай охир аз ҳоли дили Едигей огоҳ буд. Фарзандони шахси фавтида дар маросими дафн ҳамеша мақоми хосае доранд. Аз рӯи азал ҳамин. Ва ҳар қадар беҳиммату бехаё бошанд ҳам, аз онҳо халос шуда наметавонӣ, ба ҳеҷ куҷо пеш карда наметавонӣ. Одилбой ҳамаи мардҳоро ба хонааш таклиф намуд, то ки оқибати моҷарои додару хохар андак пасанда шавад. Дар рӯи ҳавлӣ нишаста аз ситора шумурдан чӣ фоида, гуфт ӯ, рафтем ба хонаи мо, чой менӯшем, чақ-чақ мекунем...
Едигей дар хонаи Одилбои Дароз гӯё ба олами тамоми дигаре афтод. Вай пештар ҳам аз рӯи таомули ҳамсоягӣ ба ин ҷо меомад ва ҳар дафъа қаноатманд бармегашт, оилаи Одилбойро дида, баҳри дилаш кушода мешуд. Имрӯз бошад, мехост, ки ҳар чӣ бештар дар ин хонавода бимонад, гӯё дар дил зарурате ҳис мекард, ки кадом як қуввати бойдодаашро бояд дар ин хонадон аз нав барқарор намояд.
Одилбои Дароз ҳам мисли дигарон коргари роҳбон буд, маошаш аз дигарон зиёдтар набуд, мисли дигарон дар нимаи иморати тахтагине мезист, ки аз ду хонаву як ошхона иборат буд. Аммо тартиботи тамом дигаре ҳукмрон буд дар ин хона — ҳама ҷо тоза, озода, равшан ва бароҳат. Ҳамон ҷое, ки Едигей дар дигар ҷойҳо менӯшид, дар пиёлаи Одилбой ба назараш асали шаффофи тоза барин менамуд. Занаш ҳам хушандом, хушмуомила, ба хонадориаш ҳавасат меравад, бачаҳошон ҳам бачаи одам барин... Дар дашти Сари Озек ба кадри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё