Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бо қиёфан тираи ғамангез, чун шахси мурдадилу дунёбезор сигори арзону бадбӯ дуд кунонида менишаст. Доду фиғони занаш барои вай чизи нав набуд. Медонист, ки дод мегӯяд, фарёд мекашаду хомӯш мешавад... Аммо бадбахтона додараш Собитҷон ба мобайни даромад. Ва моҷаро аз ҳамин сар шуд. Собитҷон хоҳарашро таъна зада гуфт: ин чӣ рафтор аст, ин чӣ кирдор аст, вай барои чӣ омадааст, ба дафни падар омадааст ё барои худашро шармсор кардан? Оё духтари қазоқ ба феъли падари обрӯманди худ бояд ба ҳамин тариқа азодорӣ кунад? Магар сурудҳои сӯгвори занҳои қазоқ аз даҳон ба даҳон гузашта, садҳо сол вирди забони наслҳои оянда намешуданд? Аз он таронаҳои ғамангез фақат мурда зинда намешуду бас, дигар ҳар фарзанди одам, ки гӯшу ҳуш дошт, аз гирӯя варам мекард. Ба тавсифи шахси мурда чиҳое намегуфтанд, фазилатҳои ӯро таъриф карда, то ба осмонҳо мебардоштанд. Мана ин хел гиряву навҳа мекарданд занҳои пешина. Аммо Ойзода чӣ? Фақат вой ба ҳоли зори ман гуфта, шикваи ятимона мекунад!
Гӯё Ойзода нигарони ҳамин луқма будааст. Бо қуввату хашму ғазаби тозае фиғон бардошт ӯ. Ваҳваҳ, ту чӣ хел марди донишманду хирадманд будай! Ҳу аввал зани худатро таълим деҳ. Гапҳои хушрӯята аввал ба занат бигӯ! Чаро худаш наомад, таронаҳои ғамангезашро хонда, ба мо ибрат нишон надод? Ба иззати хотири падарамон сари қадам меомад, ҳаққаш намерафт, чунки ҳамон шайтони ҳилагаркатӣ ту, занпарасту занмизоҷи нобакор, дукаса шуда, мӯйсафеда хонасалот кардед. Шӯи ман майзада бошад ҳам, мана омад, ку зани бааклу фаросоти ту?..
Сипас Собитҷон ба сари шавҳари Ойзода дағдаға кард, ки барои чӣ лаҷоми занатро намекашӣ? Шавҳари Ойзода баногоҳ девонаҳо барин ба сари Собитҷон ҳамла овард, ӯро хафа кардан гирифт...
Бӯрониҳо хешу табори ба ғазаб омадаро ба зӯр ором намуданд. Дили ҳама сип-сиёҳ шуд, ҳичил шуд. Едигей сахт барошуфт. Чанд пула одам будани ҳамаи инҳоро хуб медонист вай, бо вуҷуди он гумон надошт, ки кор то ба ин дараҷа мерасад. Бо оҳанги ғазаболуд ҳамаашонро огоҳ намуд: иззати ҳамдигарро ба ҷо оварда натавонед, ақаллан ёди падарро доғдор накунед, вагарна ҳамаатонро аз ин ҷо пеш мекунам, сонӣ, аз худатон гила кунед...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё