Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Олам ба оғӯши сукунати торик даромад. Гӯсфанди барои оши худоии фардоина куштаашонро фақат вақти говгум пӯст канда, майда ва ҷобаҷо карданд. Сонӣ ба гирди самоворҳои ҷӯшон давра нишаста, чой менӯши- данд ва аз ину он сӯҳбат мекарданд... Ба маросими дафни қариб ҳама чиз тайёр шуда буд. Акнун мунтазири бомдод буданд, то ки роҳи Она-Байтро пеш бигиранд. Соатҳо паси ҳам ба оромӣ ва осоиш мегузаштанд. Хайр, охир, мӯйсафеди умрдидае чашм аз ҷаҳон пӯшида буд ва ҳочат ба оҳу афғони зиёде ҳам набуд...
Ба дуроҳаи Бӯронӣ мисли ҳамеша қаторҳо меома- данду мерафтанд, аз шарқу ғарб меомаданду ба шарқу ғарб мерафтанд...
Ҳамон шаб дар арафаи сафари Она-Байт вазъият ана ҳамин гуна буд ва агар як ҳодисаи нохуш рӯй намедод, ба ҳамон тариқа ором мегузашту мерафт. Савори като- ри роҳгузари боркаш ба ҷанозаи падар Ойзода омад. Ҳамроҳи шавҳараш. Ва ҳамин ки ба азохона расиду бо гирьяву навҳаи худ аз омаданах хабар дод, занҳо дар- рав атрофашро печонида гирифтанду низ доду фиғон бар- доштанд. Хусусан Уқубала ба Ойзода ҳамовоз шуда, аз сидқи дил мегирист. Ба Ойзода дилаш месӯхт. Едигей як кӯшиш карда дид, ки Ойзодаро таскин диҳад: ак- нун чӣ илоҷ, касе ба гӯри касе намедарояд-ку, ба так- дир тан додан даркор. Аммо Ойзода ором намешуд.
Аслан таомули занҳо ҳамин: марги падар барои ӯ баҳона буду мехост дилашро холӣ кунад, дарду аламашро ки кайҳо боз дар дил ҷамъ карда мегашт, дар пеши мардум бо сухан изҳор кунад. Вай дар ҳоле ки мӯи сараш парешону рӯяш аз гирья варамида буд, бо овози баланд ба ҷасади падар рӯй оварда, аз тақдири сиёҳаш шиква мекард, мегуфт, ки акнун касе нест, ки дарди ӯро даво кунад, сари ӯро сила кунад, зиндагонии ӯ аз овони арӯсиаш пур аз азоб буд, шавҳараш майзада, бачаҳояш аз саҳар то шом дар истгоҳ сарсарӣ ва бекорбекор мегарданд ва аз ҳамин сабаб бадахлоқу шӯрапушт мешаванд, эҳтимол, фардопасфардо роҳзан ҳам шаванд, ба қаторҳо часпида моли мардумро зананд, мана калонмаш кайҳо аракхӯр шудааст, милиция ба хона омада, Ойзодаро огоҳ карда рафт, анамана нагуфта, кор то ба прокурор рафта мерасидаги барин. Як худи Ойзода шаш бачаро чӣ хел ӯҳда мекунад? Падар бошад, парвои олам надорад...
Шавҳараш воқеан парвои олам надошт, дар гӯшае

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё