Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

зан, ман ун қадар нафаҳмидам. Аз ин мебарояд, ки ҳар кадоми мо транзистор барин якта радиоприёмника бардошта мегардему ҳар фармоне ки омад, даррав мешунавем? Ин тавр бошад, транзистор дар ҳама ҷо ҳаст-ку?
— Э туя бинанд-а! Гап дар ин не-ку! Транзистор чист? Бозичаи бачагона! Ҳеҷ кас маҷбур нест, ки ҳамроҳаш чизе бардошта гардад. Хоҳӣ, луб-луччак гаштан бигир. Лекин радиомавҷҳои ба назар ноаёне ҳастанд, ки биоток ном доранд ва ҳамеша ба ту, ба шуури ту таъсир расонда меистанд. Ва ту аз онҳо ҷои гурез надорӣ!
— Наход?
— Набошад чӣ! Ҳар коре ки аз марказ аз рӯи барнома фармоянд, одам ҳамонро мекунад. Вай гумон мекунад, ки ба ихтиёри худ зиндагонӣ ва амал мекунад, гумон мекунад, ки ихтиёраш дар дасти худаш, аммо дар ҳақиқат бошад, ихтиёраш дар боло. Ва ҳама кор аз рӯи тартиботи қатъӣ. Масалан гирем, суруд хонданат лозим бошад, сигнал меояд, ту месарой. Рақсиданат зарур шавад, сигнал меояд, ту мерақсӣ. Кор карданат лозим шуда монад, кор мекунӣ, боз чунон нағз кор мекунӣ, ки... Дуздӣ, авбошӣ, ҷиноят — ҳамаш фаромӯш мешавад, даркор бошад, фақат аз китобҳои кӯҳна ёфта мехонӣ. Чунки дар рафтору кирдори одам ҳама чиз пешбинӣ карда мешавад — ҳар як қадам, ҳар як фикру андеша, ҳамаи орзую омолаш. Мана, мисол гирем, ҳозир дар рӯи дунё туғёни демографӣ ба амал омадааст, яъне ки тухми одамизод аз ҳад зиёд шудааст, озуқа намерасад. Чӣ бояд кард? Камтар бача зоидан лозим. Ту бо занат фақат ҳамон вақт алоқа карда метавонӣ, ки мувофиқи манфиатҳои ҷамъият аз боло сигнал ояд.
— Мувофиқи манфиатҳои олӣ, а? — кинояомез савол дод Одилбои Дароз.
— Ҳо, боракалло, манфиати давлат аз ҳама чиз олитар аст.
— Хӯш, рафту аз ин манфиатҳо бехабар... баногоҳ дилам хоҳад, ки занам-катӣ хоб кунам ё ягон кори дигар?
— Одилбой, азизам, ҳеҷ кор карда наметавонӣ. Ин хел фикр ҳатто ба гӯшан хаёлат намеояд. Ягон нозанини соҳибҷамола оварда дар пешат шинонанд, акаллан бо гӯшаи чашмат нигоҳ намекунӣ. Чунки ба тарафи ту биотокҳои манфӣ мефиристанд. Хулоса ки дар ин масъала тартиби қатъӣ ҷорӣ мешавад. Имонат комил бошад.
Ё гирем соҳаи ҳарбиро. Ҳама кор аз рӯи сигнал мешавад.

пешина
аз 293
навбатӣ