Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фақат Собитҷон таг-таги пои мардум гашта, халал мерасонид, одамонро аз инӯ он ба гап гирифта, аз кор бозмедошт: фалонӣ ва фалониҳо дар вилоят дар кадом вазифа кор мекунанд, киро аз мансаб фароварданд, киро ба мақоми баландтаре бардоштанд ва ҳоказо. Аз он ки занаш ба ҷанозаи падаршӯ наомадааст, ҳатто абрӯяш ҳам намехӯрд. Э тасаддуқат шавам, худо! Шарм надошта мегӯяд, ки занаш дар кадом як конференсияе иштирок мекардаасту ба он меҳмони хориҷӣ меомадаанд. Дар хусуси набераҳо бошад, ҳатто ягон калима намегӯяд. Онҳо барои «нишондиҳандаҳои баланд» дар таълиму тарбия мубориза мебурдаанд, то ки барои дохил шудан ба институт номаи камол бигиранд. «Инҳо чӣ гуна махлуқанд! Ин чӣ мардумест! — ботинан оташин мешуд Едигей. — Барои онҳо ҳама чиз эътибор дораду фақат марг аҳамияте надоштааст!» Ва ин андеша ӯро торафт бештар нороҳат мекард: «Агар марг барои онҳо ҳеҷ бошад, пас зиндагонӣ ҳам якпула арзиш надорад? Пас зиндагониашон ба чӣ маъно, ба хотири чӣ ва чӣ тавр рӯз ба сар мебаранд?»

Едигей ба сари Қаранор ғазаболуд бонг зад:
— Ҳой аждаҳо, ту ба чӣ аррос мезанӣ? Гумон дорӣ ба осмон нигоҳ карда, ар-ар кунӣ, додат ба гӯши худо мерасад?— Едигей фақат дар мавридҳои бағоят дилтанг шуданаш уштури худро Аждаҳо гуфта дашном медод. Ин лақабро ба Қаранори Бӯронӣ таъмиргарони роҳгузар часпонида буданд. Барои даҳони калон, дандонҳои ваҳшатнок ва феълу хӯи авбошонааш.— Ман ба ту, аждаҳо, наъракаширо ёд дода мемонам! Ман дандонҳои туро якта-якта зада мешиканам!

Уштурро зин задан лозим буд. Едигей ба ин кор сар карда оҳиста-оҳиста таскин ёфт, дилаш мулоим шуд. Ба уштураш нигоҳ карда, ҳатто худ ба худ лаззат мебурд. Тавоною зебост Қаранори Бӯронӣ! Даст ёзонӣ ба сараш намерасад, ҳарчанд ки Едигей марди хушкаду қомат аст. Едигей навъе карда, гардани уштурро хам намуд ва бо дастан қамчин ба зонуҳои обилабастаи вай зада-зада, бо оҳанги қатъӣ нидоҳо бароварда, ба зону шинонид. Уштур бо овози баланд эътироз мекард, аммо ба ҳар ҳол ба амри соҳибаш итоат кард ва баъди он ки похояшро ба зераш қат карда, сина ба рӯи замин ниҳоду андаке ором гирифт, Едигей ба кор сар кард.

Уштурро зин задан кори осон нест. Онро ба хонасозӣ баробар гӯед, меарзад. Зинро ҳар дафъа ба як тарзи

пешина
аз 293
навбатӣ