Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
омадааст-а. Дигар чизу чора он тараф истад, ақаллан ним қадоқ чой меовардӣ, чӣ мешуд? Занаш чаро наомад, вай келини шаҳрӣ? Ба ҳурмати мӯйсафед як сари қадам омада, аз рӯи расму оин чорта гиряву навҳа мекард, ягон ҷояш кам мешуд? Ору номус гуфтани чиз надоштаанд инҳо. Вақтҳое ки раҳматии мӯйсафед молу ҳол дошт, ду уштури чӯшой, понздаҳ-шонздаҳ сар мешу барра дошт, он вақтҳо вай нағз буд. То даме ки ҳамаи молашро нафурӯшонид, келин моку барин омада мерафт. Сонӣ мӯйсафеда ба хонаҳошон бурданд, ба пулҳояш мебель хариданд, мошин хариданд ва баъд пирамард нодаркор шуда монд. Акнун ба ин тарафҳо сояша нишон намедиҳад. Занҳо ғавғо бардоштани буданд, лекин Едигей намонд. Ҳап шинед, гуфт, дар ҳамин хел як рӯз аз даҳонатон як даҳан гап набарояд. Кори мо ҳам нест ин, худашон медонанд, сарашону равганашон.
Вай ба сӯи хона равон шуд, ки ба девораи он Қаранори Бӯронӣ баста шуда буд ва аз он сабаб, ки аз чарогоҳ оварда бастандаш дам ба дам, вале бо хашм наъра мекашид. Ҳамроҳи гала ду маротиба ба пеши манораи обкаш омада, аз ҷоҳ об хӯрданашро ба ҳисоб нагирем, як ҳафта инҷониб шабу рӯз тамом озод буд. Нофармон, гапнодаро шудааст, гарданшикаста, барои ҳамин гоҳ-гоҳе даҳонашро калон кушода ва дандонҳои ваҳмангезашро намоиш дода, фарёд мекашад. Хайр, ин қиссаи тоза нест: ба сараш нӯхта заданд, аз нав ба банду ишкел одат кардан лозим меояд.
Едигей ба назди Қаранор бо хотири мушаваш омад. Аслан пешакӣ медонист, ки аз сӯҳбати Собитҷон парешон хоҳад шуд. Ҳамин хел хулоса мебаромад, ки ба ҷанозаи падараш омадани Собитҷон гӯё як навъ некие будааст дар ҳаққи онҳо. Барои худаш бошад, ин маросим дарди сари барзиёд буд, ки мебоист ҳар чӣ зудтар аз он ҷонашро халос мекард. Едигей қарор дод, ки ба ӯ чизе нагӯяд, садкаи сухан шавад. Аз ду сар ҳама корро мебоист худашон саранҷом медоданд, хайрият, мана, ҳамсояҳо омаданд. Ҳар кас ки аз кор озод буд, дар тайёрии маросими дафн ва ёдбуди фардоина кӯмак мекард. Занҳо хона ба хона гашта, зарф ҷамъ намуданд, самоворҳоро шуста тоза карданд, хамир хобонданд ва нонпазиро кайҳо сар карданд. Мардҳо об мекашониданд, шпалаҳои кӯҳнаи адои хизмат кардаро барои ҳезум бурида, майда мекарданд. Ҳезум дар дашти бегиёҳ баробари об қимат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё