Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

саҳрои кушод, дашти хилвати Сари Озек аз худи остонаи хона кашида, то ба он канори дунё тӯл кашидааст. Дар ягон ҷои наздиктар, дар сари теппаяке дар паҳлӯи роҳи оҳан якта гӯр меканем, баҳузур хоб мекунад нозири пири роҳ ба гумбуросии қаторҳо гӯш андохта. Мақоли қадимаро ҳам далел овард, ки мурдаро тез гӯр куну аз паи зиндагӣ шав. Кашолакорӣ чӣ лозим, кори осона мушкил кардан чӣ ҳочат? Барои мурда чӣ фарқ дорад, ки ӯро дар куҷо гӯр кардаанд? Ин кор ҳар чи зудтар шавад, савобаш ҳамон қадар калон.

Вай ба ҳамин мазмун гап мезаду ҳар хел баҳонаҳо оварда, худашро сафед мекард: дар идора ӯро корҳои таъчилию бисёр муҳим мунтазиранд, фурсат надорад. Охир худатон медонед, сардор чӣ парвое дорад, ки роҳи қабристон дур аст ё наздик? Вай гуфтааст, ки фалон рӯзу фалон соат дар хизмат ҳозир мешавӣ, вассалом. Сардор писари тағо намешавад, шаҳр дашти бекас нест...

Худам пири аҳмақ будаам, худро дашном дод Едигей дар дилаш. Аз пайдо шудани ҳамин зот — бигузор ки вай писари Қазонқоп бошад! — ба риққат омада, хой-ҳои гиристааст-а!.. Худ ба худ ҳиҷолат кашид ва дилаш ба худаш сӯхт. Ва аз ҷой бархост. Онҳо чор-панҷ нафар дар болои шпалаҳо менишастанд, ки дар таки девор ба ҷои харак чида шуда буданд. Ҳамаи қуввати худро ба як ҷо ғун карда, кӯшиш намуд, ки аз гуфтани ягон гапи талҳи таҳқиромез худдорӣ кунад. Ба ҳурмати хотираи Қазонқоп ҳамин тавр кард.

— Албатта, — гуфт ӯ, — дар атроф ҷои мӯл. Аммо мардум одамони наздики худро ба ҳар ҷои рост омада гӯр кардан намегиранд. Ягон сабаб доштагист ин оин. Набошад, замин мӯл, ки манъ кардааст? — Вай хомӯш шуд ва бӯрониҳо низ хомӯш менишастанд. — Фикр кунед, маслиҳат кунед, ман рафта аз хона хабар гирам.

Ва бо чеҳраи гирифта, андоми хусуматборе аз давра дур шуд, то ки ягон ғавғое набардорад. Едигей одами тундхӯи оташинмизоҷе буд. Бӯронӣ лақаб гирифтанаш ба хислаташ ҳам мос афтода буд. Мана ҳозир агар бо Собитҷон ду ба ду мебуданд, рост ба рӯи бешармаш нигоҳ карда, дилашро холӣ мекард. Чунон боб мекард, ки як умр аз ёдаш наравад! Аммо вай ба миш-миши занҳо аралаш шудан намехост. Писара бинед, писара тамошо кунед! — байни ҳамдигар пичир-пичир мекарданд занҳо, — ба дафни падар меҳмон барин ду даст дар бинӣ

пешина
аз 293
навбатӣ