Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
омадӣ!» — гӯё ки аз омадани ӯ акнун Қазонқоп зинда мешуда бошад. Едигей ҳеҷ гоҳ ин қадар бадард нагириста буд ва намедонист, ки чаро ин тавр шуд. Дар рӯи ҳавлӣ, дар пеши дари кулбаи бесоҳибмондаи Қазонқоп муддати дарозе мегиристанд. Едигейро дил вайрон шуда буд. Собитҷон дар пеши назари худамон ба воя расид, мегуфт ӯ дар дилаш. Вақтҳое ки писараки майдаяке буҳду эркатулфори падар буд, ба мактаб-интернати Кумбел мебурданд, ки он ҷо фарзандони роҳиоҳанчиён таълиму тарбия мегирифтанд. Вақти холӣ дарёбанд, ё ба қатори роҳгузар ё ба уштурҳо савор шуда, барои хабаргирӣ мерафтанд, ки дар хобгоҳ аҳволаш чӣ тавр бошад, ягон кас азоб надода бошад, ё худаш ягон кори ношоям накарда бошад, хонданаш чӣ хел бошад, муаллимон дар хусуси вай чӣ мегуфта бошанд... Чандин маротиба дар давраи таътил дар ҳавоҳои қаҳратуни бӯрони танашро ба пӯстин печонида, савора аз дашти пурбарфи Сари Озек гузаронида, ба мактабаш бурдаанд, то ки аз дарс намонад.
Эҳ, умри одам об барин мегузаштааст-дия! Ҳамаи он рӯзҳо мисли хобу хаёле гузаштанду рафтанд. Мана акнун дар пеши Едигей мардаки каппа-калоне истодааст, ки ба чашм айнак, ба сар кулоҳи мичике монда, ба гарданаш галстуки фарсудае овехтааст ва ба писараки пештаран шокосачашм ва хандонрӯй хеле кам шабоҳат дорад. Дар маркази вилоят кор мекунад ва худро одами калон, соҳибмартаба вонамуд карданӣ мешавад, аммо зиндагонӣ амакат намешавад, чунон ки худаш чандин бор шикваомез гуфта буд, агар ягон пуштибони худат, ё шинос ё хешу табори дурустат набошад, амалдор шудан кори осон нест. Худи Собитҷон кист? Писари кадом як Қазонқоп, аз Бӯронӣ ном як дуроҳае. Як бечораи бадбахт! Мана акнун ҳамон падар ҳам нест. Падарат бечора бошаду зинда бошад ҳазор карат беҳтар аз он, ки шахси машҳур бошаду кайҳо хоку туроб шуда рафта бошад. Ҳа, акнун ҳамон падари назарногир ҳам нест...
Ниҳоят, оби чашмҳо хушк шуд. Ба сӯҳбату маслиҳат гузаштанд. Ва нохост маълум шуд, ки ин писари эркаю азизи ҳамадон на ба дафни падар омадааст. Вай омадааст, ки ягон ҷо якта чуқурак коваду ҷасади пирамардро он ҷо тиққонида, аз болояш хок кашад ва бо ҳамин ҷони худро халос карда, зудтар ба шаҳраш баргардад. Ба ҳамин қадар роҳи дуру дароз кашола шуда, ба Она-Байт рафтан чӣ зарур, мегуфт ӯ, мана чор тарафамон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё