Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
аз Едигей ягон каси дигар аз Бӯрониҳо дуруст намедонист. Ҳарчанд ки дар бораи он гӯристони қадима ҳар гуна қиссаҳо мегуфтанд ва касе намедонист, ки он ривоятҳо рост анд ё бофта, худи Бӯрониҳо ба он ҷо нарафта буданд. Чунки ба рафтан эҳтиёҷ набуд. Дар давоми солҳои зиёд бори аввал буд, ки дар Бӯронӣ, дар ин касабаи майдаяки сарироҳии ҳамагӣ аз ҳашт хонавода иборат касе чашм аз олам пӯшиду акнун ӯро дафн кардан зарур афтод. Пеш аз ин, чанддин сол қабл духтарчае баногоҳ ба дарди хафақон печиду худи ҳамон соат ҷон дод ва падару модараш ӯро барои дафн кардан ба ватанашон, ба вилояти Уральск бурданд. Зани Қазонқоп кампири Букей бошад, оромгоҳашро дар қабристони Кумбел ёфтааст. Чанд сол пеш аз ин дар касалхонаи ҳамон истгоҳ аз дунё гузашт, дар ҳамон ҷо ба хок супориданд. Марҳумаро ба Бӯронӣ овардан ҳеҷ зарурат надошт. Кумбел калонтарин истгоҳи Сари Озек ҳисоб меёбад, ба замми ин духтари Қазонқоп Ойзода бо шавҳараш он ҷо зиндагонӣ мекунанд. Домод аракхӯри локайду лояқил бошад ҳам ба ҳар ҳол домод аст. Гоҳ-гоҳе аз ҳоли қабри модар хабар мегирифтагистанд. Аммо он вақтҳо худи Қазонқоп зинда буд ва пиразанро бо раъйи ӯ дар ҳамон ҷо дафн карданд.
Ҳоло бошад, фикр мекарданд, ки чӣ бояд кард.
Едигей гапи худро гузарониданӣ мешуд.
— Э монед ҳамин гапҳо! Ба шаъни йигитҳо намезебад ин! — хоҳиш намуд ӯ ҷавононро. — Ҳамин хел як одама дар Она-Байт дафн мекунем, ҳамон ҷое ки ота-бобояш хобидаанд. Васияти худораҳматӣ ҳам ҳамин буд. Бас гап-гапу маслиҳат, тайёрӣ дидан даркор. Роҳ наздик не. Фардо саҳар мебароем...
Ҳама мефаҳмиданд, ки Едигей ҳақ дорад, ки амри худро гузаронад. Розӣ шуданд. Бо вуҷуди он Собитҷон як эътироз кардани шуд. Вай ҳамон рӯз бо қатори боркаш расида омад (қаторҳои мусофиркаш дар ин ҷо наменстоданд). Ҳарчанд ки вай даргузаштан ё ҳанӯз зинда будани падарашро яқин намедонист, аммо ба маросими ҷаноза расида омаданаш Едигейро ҳам мутаассир намуд, ҳам хурсанд кард. Лаҳзае буд, ки онҳо ҳамдигарро ба канор гирифта, гиристанд, дарду ҳасрати худро ба якдигар гуфтанд. Сонитар Едигей ба кори кардани худ тааҷҷуб мекард. Вай Собитҷонро сахт ба оғӯш кашида, ҳиққосзанон мегирист ва беихтиёр такрор мекард: «Хуб шуд, ки омадӣ, ҷонакам, чӣ хел нағз шуд, ки расида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё