Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳавопаймобардори «Конвенция» дар Уқёнуси Ором, дар самти ҷануби ҷазираҳои Алеут, дар масофати баробаре аз Владивосток ва Сан-Франциско қароргоҳи доиме дошт. Маркази муттаҳидаи идоракунӣ, ки мухтасар Мармутидор меномиданд, дар ин дақиқаҳо ба парвози ҳар ду сафина ба сӯи мадори «Трамплин» хеле бо диққат назорат мекард. Ҳоло ҳозир парвоз хуб давом дошт. Бо комплекси «Паритет» васл кардани киштиҳо дар пеш буд. Ин вазифа бисёр вазифаи мураккаб буд, чунки киштиҳо на дунболи ҳамдигар, на бо навбат яке аз паси дигаре бо фосилаи зарурӣ, балки мебоист дар як лаҳза, дар як они воҳид аз ду тарафи истгоҳ расида васл мешуданд.

«Паритет» ба сигналҳои Мармутидор, ки аз сафинаи «Конвенция» зиёда аз дувоздаҳ соат инҷониб ба фазо мефиристод, ҷавобе намедод. Ба сигнали киштиҳои кайҳонине ки ба сӯяш мерафтанд, низ посуҳе намедод... Инак, фаҳмидан лозим буд, ки ба сари экипажи «Паритет» чӣ воқеае омадааст.

II

Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанд, аз ғарб ба шарқ...

Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми таҳҷой, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.

Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси ду ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гринвич чен мекунанд...

Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...

Аз дуроҳаи Бӯронӣ то қабристони қадимаи қабилаи найман Она-Байт камаш сӣ километр роҳ буд, вай ҳам агар аз роҳи оҳан ҷудо шуда, рост аз мобайни Сари Озек равона шавед. Агар гӯед, ки мабодо дар дашти васеъ роҳро гум карда, саргардон шавем, беҳтараш бо пайроҳае биравед, ки қад-кади роҳи оҳан тӯл мекашад, аммо дар он сурат масофаи байни Бӯронӣ ва қабристон дур мешавад. Аз Қийшиқсой то Она-Байт масофаи калонеро давр зада гузаштан лозим мешавад. Роҳи дигаре нест. Ҷамъ мешавад сиву шаш километр ба он сӯву боз ҳамин қадар дар бозгашт. Аммо роҳи Она-Байтро ғайр

пешина
аз 293
навбатӣ