Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
нопадид шуд, Едигей сарашро бо тааҷҷуб ҷунбонида ба роҳаш давом дод. Дилаш аз эҳсосоти аҷибу мухталиф моломол буд. Вай аз манзараи дидааш ба ваҷд омада бошад ҳам, дар айни замон мефаҳмид, ки парвози мушак барои ӯ як ҳодисаи бегонаест, ки ба вуҷудаш ҳайрат ва харос афкандааст. Банохост ҳамон рӯбоҳи сари роҳи оҳан омада ба ёдаш расид. Вақте ки рӯбоҳ дар осмони дашти хилват ногоҳ гирдбоди оташинро дид, ҳолаш чӣ шуда бошад? Эҳтимол, тамоми даступо гум карда бошад...
Аммо худи Едигей Бӯронӣ ҳам, гарчи шоҳиди парвози шабонаи мушаки кайҳонӣ буд, намедонист (ва донистанаш мумкин ҳам набуд), ки он парвоз парвози таъҷилии киштии кайҳонӣ бо кайҳоннавардаш буд. Парвоз бидуни ҳар гуна тантана, бидуни рапортҳо ва мусоҳибаҳои журналистҳо, ба муносибати ҳодисаи фавқулоддае дар истгоҳи кайҳонии «Паритет» сурат гирифта буд, ки он истгоҳ мувофиқи барномаи якҷояи америкоиву советӣ зиёда аз якуним сол инҷониб дар мадори кайҳонӣ (бо унвони шартии «Трамплин») қароргоҳ дошт. Едигей ҳамаи инро охир аз куҷо медонист? Дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки ин воқеа ба ӯ, ба зиндагонии ӯ низ дахл хоҳад кард ва на фақат аз он сабаби умумӣ, ки ҳар як инсон ва ҳамаи инсоният моҳиятан бо ҳам дар робитаи ногусастанӣ ҳастанд, балки ба як тарзи муайян ва бевосита ҳам ба ӯ дахл хоҳад дошт. Хусусан, ки Едигей ҳеҷ хабар надошт ва дар гумонаш ҳам набуд, ки пас аз киштие, ки аз Сари Озек ба парвоз даромад, дар гӯшаи дигари сайёра, дар штати Невада аз космодроми он ҷо киштии америкой парвоз кард ва вазифаи он сафина ҳам айнан ҳамин гуна буд ва ба худи ҳамин истгоҳи «Паритет», ба худи ҳамон мадори «Трамплин» равона шуд. Тафовут ҳамин қадар буд, ки киштии дуввум ба тарафи муқобил ба роҳ даромад.
Киштиҳо аз рӯи фармоне таъҷилӣ ба кайҳон роҳӣ карда шуданд, ки он аз сарфинаи ҳавопаймобари «Конвенция» расид ва «Конвенция» пойгаҳи шиноварии Маркази муттаҳидаи идоракунии советию америкоии барномаи «Демиург» буд.
1 «Паритет» (немисӣ) — мӯвозна, баробарӣ ва ҳампоягӣ.
2 «Трамплин» — ҷастангоҳ (мутарҷим).
3 Конвенция (лот.) — муоҳада. Демиург (юнонӣ) — усто, ҳунарманд (мутарҷим).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё