Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

нав мезананд. Барои ин ҷусту чолокӣ лозим, қуввати бисёре ҳам ба кор мебарӣ, хусусан агар уштур Қара-нор барин ҷонвари қавиҳайкал бошад.

Номи Қаранор, яъне Сиёҳнор, ҳам бечиз набуд. Мӯи дарози сараш парешону сип-сиёҳ, риши гуллиаш, ки то баногӯш мерасид, ҳамчунон шабранг, пашми жӯлидаи зери гардани дарозаш, ки ёлвор ба зонуяш мерасид, ангиштгуна буд. Ва сарзинати ин айгири зебо як ҷуфт кӯхони чандирсон таранғаш буд, ки дар пуштаи пайкараш чун ду гунбади тира худнамоӣ мекард. Ва ба иловаи ҳаман ин нӯки думаки калтааш ҳам сип-сиёҳ буд. Дигар ҳама ҷояш — болои гардан, сари сина, паҳлӯҳо, пойҳо ва шикам, баръакс ба ранги равшани хурмой тобиш медод. Ҳа, ҳусни Қаранори Бӯронӣ дар ҳамин буд, ки ҳам пайкари зебо дошт, ҳам ранги назаррабо. Ва худ низ дар он айём дар айни камолоти синни айгирон буд, ба даҳсолаи саввум акнун қадам мениҳод.

Уштур ҷонвари дарозумрест. Эҳтимол аз ҳамин сабаб бошад, ки фақат баъди панҷсолагӣ бача мезояд ва он ҳам на ҳар сол, балки сол дар миён ва тифлашро низ назар ба дигар чорпоён бештар — дувоздаҳ моҳи расо дар батни худ бардошта мегарад. Нигоҳубини уштурбача дар як-якуми соли аввал душвор аст: аз сармову бодҳои биёбон эҳтиёт бояд кард. Баъди он вай рӯз ба рӯз қад мекашаду қувват мегирад ва на сармою гармо, на беобӣ дигар хатаре надорад...

Едигей нозукиҳои ин корро медонист ва Қаранори Бӯрониро ҳамеша саҳеҳу солим медошт. Кӯхонҳои сиёҳаш доимо гӯлаҳои чӯяни барин ба назар мерасиданд, ки ин нахустин аломати саломатӣ ва нерумандиаш буд. Як вақтҳо, ҳанӯз ҳамон солҳои аввале, ки Едигей аз ҷанг баргашта, аз дурохан Бӯронӣ манзил гузида буд, Қазонқоп як уштурбачаро ба ӯ ҳадя карда буд. Уштурак он вақт ширхора буд, майдаяк, чӯчаи мурғобӣ барин серпашмак буд. Худи Едигей ҳам хеле ҷавон буд. Эҳа, як бӯзбала буд, ки... Дар гӯшаи хаёлаш ҳам набуд, ки то мӯйсафед шуданаш ин ҷо мемонад. Баъзан ба суратҳои ҳамон давра гирондааш нигоҳ мекунаду худаш худашро намешиносад. Ҳоло тамоми дигар шудааст: ришу мӯйлабаш мошубиринҷ, ҳатто ба абрӯонаш сафедӣ афтодааст. Чеҳрааш ҳам, албатта, дигаргун шудагӣ. Аммо чунон ки дигарон дар ин синну сол мешаванд, фарбеҳ нашудааст. Худаш нафаҳмида монд, ки чӣ тавр аввал мӯйлаб сабзонид, баъд риш монд. Акнун

пешина
аз 293
навбатӣ