Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
буд. О ин чӣ гап, мегуфт худ ба худ, ҳама ҷоро симхор кашида, ба қабристон роҳ намондаанд. Ана кору мана кор!
Бо вуҷуди ин дар дилаш умеде буд, ки дар ин тарафҳо, дар самти ҷанубии қабристон бояд ягон нишонае бошад. Воқеан, будааст, онҳо рост ба назди ғавҷӯбе баромаданд.
Едигей ба ғавҷӯб наздик мешуду ба маҳкаму пойдор сохта шудани иморати дидгоҳ эътибор медод: аз ду тарафи роҳ сутунҳои мустаҳками бетонӣ устувор буданд, аз як канори гузаргоҳ хонаяке аз хишти пухта қомат афрохта буд, ки тирезаи калони яклухте барои дидбонӣ дошт ва дар болои боми ҳамвораш ду чароғи нурафкан гузошта буданд, ки зоҳиран шабона роҳро равшан мекарданд. Аз он тарафи ғав роҳи мумфарш тӯл мекашид. Аз намуди пойдори дидгоҳ дили Едигей ба ташвиш афтод.
Баробари наздик шудани онон аз хонаи дидбонон сарбози сафедмӯи ҷавон, хеле ҷавоне баромад, ки дар китфаш автовате милаш ба поён овезон буд. Вай роҳравон гимнастёрка ва фуражкаашро дуруст мекард, то ба худ қиёфаи ҷиддӣ бигирад ва бо он сӯи ғавҷӯби раҳ-раҳ расида, бо виқор истод. Аммо вақте ки Едигей уштурсавор ба роҳбанди чӯбин наздик расида қарор гирифт, ба ӯ салом дод.
— Салом, — гуфт посбон даст ба чакка бурда ва чашмони осмониранги ҳанӯз бачагонаашро ба рӯи Едигей дӯхта. — Шумо кистед? Ба куҷо равонаед?
— Мо ҳаминҷонем, сарбоз, — гуфт Едигей ба оҳанги калонсолонаи гуфтори он ҷавон табассум карда. — Як мӯйсафедамон аз олам гузашт, ба қабристон мебарем.
— Бе рухсат мумкин не, — ба аломати рад сар ҷунбонда гуфт сарбози ҷавон ва худро аз даҳону дандони нушҳоркунандаи Қаранор ба ҳар эҳтимол дуртар кашид. — Ин ҷо минтақаи мамнуъ, — шарҳ дод ӯ.
— Фаҳмидам, лекин ба мо қабристон лозим. Ана вай, дар ҳамин қарибиҳо. Ҳеҷ воқеа не. Дафн мекунему бармегардем. Зуд бармегардем.
— Мумкин не. Ман ҳақ надорам, — гуфт посбон.
— Гӯш кун, азизам, — Едигей ба сари зин қадар ҳам шуд, то ки ордену медальҳои ҷангиаш беҳтар ба назар расанд. — Мо бегона нестем. Аз дуроҳаи Бӯронӣ мешавем. Эҳтимол, шунида бошӣ. Мо одамони худӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо