Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Пирамардро, охир, дафн кардан лозим. То ба қабрӣ тон меравему зуд бармегардем.

— Ман-ку мефаҳмам, — нармтар шуда ва китфҳо ҳам кашида гуфт посбон, аммо дар ин лаҳза Собитҷон наздиктар омад, ки ба худ қиёфаи одами калоншавандаи серкореро гирифта буд.

— Худаш чӣ гап? Чӣ шуд? Ман аз совети вилоятии иттифоқи касаба, — гуфт ӯ. — Чаро аз роҳ медоред?

— Чунки мумкин не.

— Ман, рафиқ посбон, ба шумо гуфтам-ку, ман аз совети вилоятии иттифоқи касаба мешавам.

— Аз куҷо будани шумо барои ман фарқ надорад.

— Чӣ хел фарқ надоштааст? — моту мабҳут шуд Собитҷон.

— Ҳамин хел. Минтақаи мамнӯъ.

— Набошад, ин қадар гапу калоча чӣ лозим буд? — ранҷишомез гуфт Собитҷон.

— Гапу калоча нашудааст. Ман ба шумо не, аммо ба ин шахси уштурсавор фаҳмонида истодаам. Барои он ки наранҷад. Аммо аслаша гирем, барои гуфтугӯ кардан бо одамони беруна ҳақ надорам. Дар пос истодаам.

— Хулоса, ба қабристон роҳ нест?

— Нест. На фақат ба қабристон. Дар ин ҷо ба кадом роҳ нест.

— Хайр, чӣ илоҷ хашмгин шуд Собитҷон. — Ман аз аввал медонистам! — сахт карда гуфт ӯ ба Едигей. — Медонистам, ки ҳамаи ин як пула маза надорад! Чия?!
Не-дия, не! Ба Она-Байт мебарем. Она-Байт! Она-Байт!
Мана акнун Она-Байт! — инро гуфту бо ғазаб ва асабонӣ ба замин туф карда, ба каноре бирафт.

Едигей дар пеши посбони ҷавон хиҷолат кашид.

— Мебахшӣ, писарам, — гуфт ӯ бо оҳанги падарона. — Ман медонам, ки ту дар хизмат истодай. Лекин мо мурдаро куҷо барем? Вай тароша нест, ки ба замин партоему ба роҳамон рафтан гирем.

— Ман-ку мефаҳмам. Лекин аз дастам чӣ кор меояд?
Ҳар чиз фармоянд, ман бояд иҷро кунам. Охир ман сардор нестам-ку дар ин ҷо.

— Ҳа-а, корҳои аҷоиб, — мад кашида гуфт Едигей. — Худат аз куҷо мешавӣ?

— Ман, падар, аз Вологда, — шармгинона ва бо хушҳолии кӯдаконае гуфт посбон. Вай пинҳон намедошт, ки ба ин савол ҷавоб гуфтан бароиш гуворо буд ва ошкоро табассум мекард.

пешина
аз 293