Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ором шуд. Ҳама ҷо сокит шуд. Сукунати томе барқарор гардид.
Аз уфук то уфук зери осмон дашти беқанори Сари Озек доман паҳн карда мехобид. Вале роҳи Она-Бай баста буд.
Одилбои дароз аввалин шуда хомӯширо вайрон кард.
— Едике, ин девор пештар набуд?
— Набуд. Бори аввал мебинам.
— Пас, махсус сохтаанд. Дар гирдогирди минтақа сохтаанд. Аз афташ, барои космодром, а? — изҳори тахмин кард Одилбои дароз.
— Аз афти кор, ҳамин тавр. Набошад, ин қадар заҳмат кашида, дар дашти кушод ин хел ҳисор намесохтанд. Ин фикр аз каллай кӣ баромада бошад? Арвоҳ занад, чӣ хаёле ба сарашон наояд, даррав ба кор сар мекунанд! — дашном дод Едигей.
— Аз дашному нафрин чӣ фоида? Пеш аз мурда бардошта баромадан ба ин қадар роҳи дур аввал фаҳмидан лозим буд, — ғамгинона гуфт Собитҷон.
Макси гароне ба миён омад. Едигейи Бӯроний аз ҷои нишастаи худ — аз болои Қаранор ба Собитҷон, ки дар наздаш рост меистод, бо нафрат нигоҳе кард.
— Ту, ҷони ширин, як дам сабр кун, ин қадар телба нашав, — гуфт ба қадри имконаш оромона. — Пеш ин ҷо симхор-пимхор набуд. Кас аз куҷо медонад?
— Ман ҳам ҳаминро мегӯям, — гурунгид Собитҷон ва рӯй ба дигар тараф гардонид.
Боз сукут ба миён омад. Одилбои дароз ба андеша рафта буд.
— Едике, акнун чӣ кор мекунем? Чӣ бояд кард? Наход ба қабристон ягон роҳи дигар набошад?
— Ҳаст, бояд бошад. Чаро набошад? Тахмин панҷ километр росттар якта роҳ буд, — ба атроф назар карда ҷавоб дод Едигей. — Рафтем ба ҳамон сӯ. Ҳеҷ мумкин нест, ки на ба чапу на ба рост роҳ набошад.
— Хайр, охир, якин медонӣ? Роҳ ҳаст ё нест? — бо оҳанги густоҳона мепурсид Собитҷон. — Мабодо рафта бинем, ки боз роҳ нест: на ба чапу на ба рост!
— Ҳаст, ҳаст, — мегуфт Едигей, — савор шавед, рафтем. Фурсат аз даст наравад.
Боз ба роҳ даромаданд. Боз тракторҳо бо доду шавкун ба пеш ҳаракат карданду қад-қади симхор равон шуданд.
Едигей ғам мехӯрд. Вай аз ин воқеа маъюс шуда

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо