Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Қаторҳо дар ин ноҳия аз шарқ ба ғарб мегузаштанду аз ғарб ба шарқ...
Аз ду самти роҳ дар ин ноҳия Сари Озек, ба қавли мардуми маҳаллӣ, Мардумаки зарди биёбон, яъне Миёнадаштҳои малларанги нопайдоканор тӯл мекашиданд.
Дар ин ноҳия ҳама гуна масофаҳоро дар қиёси дур ё наздик будани роҳи оҳан чен мекарданд, чунон ки дар дигар ҷоҳо дар қиёси хати Гринвич чен мекунанд.
Оре, қаторҳо аз шарқ ба ғарб мерафтанду аз ғарб ба шарқ...
Аз паҳлуи чари сурхреги Маллакумдичап, аз ҳамон ҷое ки як вақтҳо Найман-она дар ҷустуҷӯи писари манкурташ давр мезад, роҳи дарозеро тай карда, ба қарибиҳои Она-Байт расиданд ва ба монеаи аввалин рӯ ба рӯ шуданд: баногоҳ аз пеши роҳ ҳисори симхорӣ баромад.
Аз ҳама пештар Едигей аз роҳ бозистод: ана халос! Вай ҳатто ба рикоб рост шуда, аз болои қади баланди Қаранор ба тарафи рост нигарист, пас ба тарафи чап назар афканд. То чашм мерасид, дар паҳнои дашт девори симхор кашола шуда мерафт, ки чандқабата ба сутунҳои чаҳоркунҷаи оҳану бетонӣ баста буданд.
Тракторҳо низ аз дунбол расида, қарор гирифтанд. Аз кабина аввал Собитҷон, сониян Одилбойи дароз баромаданд.
— Ин чист? — бо дасташ ба девор ишора карда гуфт Собитҷон. — Роҳро гум кардем, аз афташ, а? — пурсид ӯ аз Едигей.
— Чаро гум кардаем? Роҳ ҳамон роҳ аст, лекин аз куҷое ин симхор пайдо шуда монд. Арвоҳ занад!
— Пештар набуд?
— Набуд.
— Акнун чӣ кор мекунем? Ба куҷо меравем?
Едигей хомӯш буд. Худаш ҳам намедонист, ки чӣ кор бояд кард.
— Ҳой, тракторатро хомӯш кун! Чӣ ин қадар тарак-тарак мекунӣ? — бо ғазаб гуфт Собитҷон ба Холбек, ки сар аз кабина бароварда менишаст.
Вай моторашро хомӯш кард. Баъд экскаватор низ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо