Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ӯ, нафаси ӯ доимо бо ӯст. Саҳаргоҳон чун аз хоб бархезад, ба мисли оҳуи кӯҳӣ шитобон меоям ва дар сари кӯҳпора аз хайма берун омаданашро интизор мешававам. Ба оташдон оташ афрӯзад, дуди ширин мешаваму ба рӯю мӯяш мепечам. Савори аспаш аз наҳр бигзарад, ҳазорон қатра об мегардаму аз зери сумаш мепарам, ба дасту пояш мешинам. Суруде бихонад, сурудаш манам...»
Дар болои сари ҳофиз баргҳои тӯс дар партави шафақи саҳарӣ хиширрос мезаданд. Рӯзи нав фаро расид.
Ҳамсояҳо шунидаанд, ки Раймалӣ-ого девона шудааст,
аз рӯи кӯнковӣ ба диданаш омаданд. Аз аспҳошон фуруд наомада, аз дур тамошо мекарданд.
Вай пироҳани дарида дар бар, бо дастони ба пушт ва пайкари ба дарахт баста рост меистод.
Ва суруде мехонд, ҳамон сурудеро ки рафта-рафта дар ҳама ҷо шӯҳрат пайдо кард:
Аз кӯҳи сиёҳ рама фарояд,
Дастамро кушо, Абдулхон-ука.
Аз кӯҳи кабуд рамаҳо оянд,
Озодам пано, Абдулхон-ука.
Бо дасти худат бастӣ дастонам,
Умедам ин буд, Абдулхон-ука?
Аз кӯҳи сиёҳ рама фарояд,
Аз кӯҳи кабуд рамаҳо оянд,
Дастамро кушо, Абдулхон-ука
Бо хости худам ба арш меравам...
Аз кӯҳи сиёҳ рама фарояд,
Аз кӯҳи кабуд ҷонам Бегимой.
Ман нахоҳам буд, рамаҳо оянд,
Дар бозори худ бо суруди худ
Мо нахоҳем буд, ҷонам Бегимой.
Асп оҷизу танам хаста аст,
Бозор бе ман аст, ҷонам Бегимой.
Аз кӯҳи сиёҳ рама фарояд,
Аз кӯҳи кабуд рамаҳо оянд,
Ман нахоҳам буд, ҷонам Бегимой,
Дар бозор маро нигарон машав,
Бо хости худам ба арш меравам...
Чунин аст он ҳисса...
Акнун Едигей дар роҳи Онз-Байт Қазонқопро ба оромгоҳи оҳринаш мегуселониду он ҳиссаро ба ёд меовард ва дар ин боб андеша мекард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо