Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
— Не, пиёда ҳам намеравӣ! — гуфт Абдулхон ва чашми хунгирифта аз сари буридан Саралӣ бардошт. — Аз ин ҷо як қадам дуртар нахоҳӣ рафт! — боз гуфт ӯ бо овози паст ва банохост фарёд кашид: — Даст гиред ӯро! Эҳтиёт шавед, вай девона аст! Бандед, вагарна ҳамаро мекушад!
Боз фарёдҳо баланд шуданд ва ҳама ба ҳам биомехтанд:
— Танобро биоред!
— Дасташро маҳкам дор!
— Қат кун, қат кун!
— Сахттар печон!
— Худо занад, ки девона аст!
— Маҳкамтар бандед!
— Ҳирасар-дия, ақлаш осеб дидааст!
— Кашола кунед, ба он тараф, ба тарафи дарахти тӯс баред!
— Канӣ, ҳа гӯед!
— Кашола кунед!
Моҳ дар сафҳаи осмон баланд шуда буд. Дар ҳама ҷо — ҳам дар осмон, ҳам дар рӯи замин сукунат ҳукмрон буд. Азоимхонон омаданд, гулхане афрӯхтанд, дар атрофи он рақсида, ҷину париҳоеро ки ба ақли ҳофизи бузург осеб расонидаанд, пеш намуданд.
Дастони ҳофизро ба пушташ ва ҷуссаашро ба дарахти тӯс баста буданд.
Сонӣ муллое пайдо шуд. Аз Қуръон чанд оят тиловат кард, ҳофизро ба роҳи ҳақ ҳидоят намуд.
Дастони ҳофизро ба пушташ ва ҷуссаашро ба дарахти тӯс баста буданд.
Ва Раймалӣ-ого ба додараш Абдулхон муроҷиат карда гуфт:
«Шаб меравад ва охирин лаҳти тирагиро бо худ мебарад, субҳ медамаду рӯзи равшан фаро мерасад. Ту офтобамро аз ман рабудӣ, додари сиёҳбахтам Абдулхон. Ту шодӣ ва аз дастболоият меболӣ, ки аз ишқи дар пиронсолӣ инъом кардаи худовандам маҳрум сохтай. Вале кош медонистӣ, ки ман чӣ сон хушбахтам ва то дами вопасин, то рамаке ба ҷон дорам, саодатманд мемонам. Тани маро ба танаи дарахт бастай, аммо ин ман на он манам, додари бадбахтам Абдулхон. Ин ҷо фақат сурати ман аст, рӯҳи ман чун бод масофаҳо тай мекунад, чун қатраҳои борон ба пешвози замин мешитобад, ман як лаҳза аз ёр ҷудоӣ надорам, чунон ки гесувони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо