Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бастанд, ки пас аз як рӯзи дигар дар бозори калон бо ҳам мулоқот мекунанд ва барои ҳамаи бозориён суруд мехонанд.
Ва худи ҳамон соат, пас аз маросими гусели арӯсу домод ба ҳар ҷониби ноҳия пайгом бирафт, ки Раймалӣ-ого ва Бегимой ба бозорчӣ меоянд ва месароянд. Ба ҳар сӯ хабар мерасид:
— Ба бозорчӣ биштобед!
— Аспҳоро зин занед, ба бозори калон биравед!
— Дар бозорчӣ оқинҳо месароянд!
Ва аз ҳар калла як садо мебаромад:
— Ана иду мана ид!
— Худо хоҳад, кайф мекунем!
— Ин чӣ расвойӣ!
— Уҳ чӣ хел тамошо мешавад!
— Олиҷаноб ид мешавад!
— Шарму ҳаёро намедонанд-э!
Раймалӣ-ого ва Бегимой дар нимароҳ ба ҳам хайрбод гуфтанд:
— То мулоқот, азизам Бегимой!
— То боздид, Раймалӣ-ого!
Ва аз ҳам торафт дур мешуданду аз сари зин фарёд мекарданд:
— То бозди-и-ид!
— Худо ёрат, Раймалӣ-ого-о-о!
Рӯз ба охир мерасид. Шоми равшани айёми тобистон ба сари дашти фароҳ оҳиста-оҳиста пардаи тирафом мекашид. Аз марғзорон бӯи алафҳои пухта ва қадаре пажмурда ба машом мерасид, аз кӯҳсорон насим бӯи сангистони бороншустаро меовард, лошахурон қабл аз ғуруби офтоб паст-паст ва бешитоб парвоз мекарданд, паррандагон ба васфи шомгоҳони осуда нағмасарой доштанд...
— Чӣ оромии ҳаловатбахше! — зери лаб гуфт Раймалӣ-ого ёли аспашро молида, — оҳ, Сарала, ёри дерина, аспи овозадори ман, наход зиндагонӣ ба ин дараҷа дилкаш аст, ки дар дами вопасин ҳам нашъаи муҳаббат насиб мегаштааст?..
Сарала фирк-фирк бинӣ афшонида, ҳамвор роҳ мепаймуд, мехост ба хона расида, поҳои худро дам диҳад, зеро рӯзи дароз зери зин мегашт. Мехост аз оби наҳр серӣ бинӯшад ва шаби маҳтоб ба чарогоҳ барояд.
Мана дар ҳамгашти дарё овул намоён шуд. Ана хаймаҳо, мана гулханҳои фурӯзон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо