Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Ва ба ҳамин тариқа ба ифтихори арӯсу домод тарона мехонданд — гоҳ ин мехонд гоҳ вай, гоҳ ин месуруд, гоҳ вай...
Раймалӣ-оғо дар он соати фидокорӣҳо хабар надошт, ки додараш Абдулхон бо чӣ гуна хашму ғазаби бепоён асп тозонида мерафт ва аз дунболи ӯ ҳамаи хешовандон ва баракбоиён асп метоҳтанду дар синаҳо чӣ гуна кина ва адовати интиқомҷӯёна меварзиданд. Намедонист, ки ҳама забон як карда, ӯро чӣ гуна ҷазо доданӣ ҳастанд.
Аммо сурудхонӣ дар тӯйхона давом дошт — гоҳ ин мехонд, гоҳ вай, гоҳ ин месуруд, гоҳ вай.
Абдулхон чун абри сиёҳ тирарӯ буд, ба қоши зин ҳам шуда, асп метозонд. Зудтар ба овул, ба хона бирасем! Ҳамқавмон чун галаи гургон иҳотааш намуда, фарёд мекашиданд:
— Бародарат аз ақл бегона шудааст.
— Ба мағзаш осеб расидааст.
— Фалокат, фалокат!
— Ӯро табобат бояд кард!
Дар тӯйхона ҳамчунон суруд мехонданд — гоҳ ин мехонд, гоҳ вай, гоҳ ин месуруд, гоҳ вай.
Ба ҳамин тариқа, қофилаи арӯсбарон ба ҳайман домод бирасид. Дар ин ҷо бори дигар суруди муборакбод сароиданд. Ва Раймалӣ-ого ба одамон рӯй оварда гуфт: аз он хушнуд аст, ки тақдираш ба ӯ оқини ҳунарманде, гӯяндадухтари ҷавон Бегимойро ҳадя кардааст. Чунон ки аз бархӯрдани ду санги оташ шарора мепарад, гуфт Раймалӣ-ого, оқинҳо низ дар санъати сухан бо ҳамдигар баҳсмабаҳс аз асрори рушду камолот огоҳ мешаванд. Ва бар замми ин, илова бар саодати бузург ӯ боз аз он масрур аст, ки дар анҷоми умраш ҳамчун дар соати ғуруб, дар соате ки офтоб бо ҳама иқтидори бепоёни азалиаш ба рӯи олам шашшаапошӣ мекунад, ӯ аз шарбати ишқ боз ошомид ва боз соҳиби нерӯе гардид, ки назирашро ҳеҷ гоҳ надида буд.
— Раймалӣ-ого! — дар посух гуфт Бегимой.— Ман ба муродам расидам. Ман аз паи ту хоҳам рафт. Ба ҳар вақте ва ҳар ҷое бигӯӣ, думбура дар даст ҳозир хоҳам шуд, то ин ки суруд ба суруд биомезад, то ин ки дилбар ва дилбохтаи ту бошам. Ҳаёти худро ба дасти тақдир месупорам.
Ба ҳамин тариқа сурудҳо мехонданд.
Ва дар ҳамин ҷо, дар ҳузури сокинони даштҳо паймон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо