Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
чашмонаш чун кӯшчароғи ҳаймаи сафед дар марғзори сабз нурафшонӣ мекарданд. Ҳатто аспи ӯ Сарала гардан ёзонида, сари ифтихор барафрохта буд.
Вале ин ҳангома на ба ҳама писанд афтода буд. Дар издиҳом шахсоне буданд, ки ба Раймалӣ-ого назар дӯхта туф мекарданд. Хешу таборон ва ҳамқавмонаш — баракбоиён (қавмаш чунин номе дошт) ба ғазаб омада буданд. Баракбоиён аз хашм дар тӯйхона ҷон нишаст намеёфтанд. Ин чӣ расвоист? Раймалӣ-ого дар пиронсолӣ аз ақл бегона шудааст... Ба назди додараш рафта, иғво андохтанд. Акнун мо туро чӣ хел сардори музофот интихоб мекунем, пирсаги Раймалӣ ҳамаамонро ба ҳиҷолат мононад, дар рӯзи интихобот шарманда мешавем. Гӯш кун, чӣ таронае мехонад, тои маст барин шеҳа мекашад. Ваяш чӣ, он духтар чӣ, чӣ гуфта ҷавоб медиҳад? Айбу шарма намедонад! Дар пеши назари халоиқ сараша гаранг мекунад. Хосият надорад ин кор. Бо ин духтар алоқа накунад. Танобашро кашидан лозим, то ки овозаи нангин то ба овулҳо наравад.
Абдулхон аз бародари гумроҳи мӯйсафедаш кайҳо боз хашмгин буд. Гумон мекард, ки пир шуду батамкинтар шуд, аммо ана боз чӣ аҳволе расид: ҳамаи авлоди баракбоиёнро сарпасту забонкӯтоҳ мекунад.
Ва Абдулхон аспи худро тозиёна заду аз мобайни издиҳом гузашта, ба вай наздиктар рафтан хост ва тозиёнаашро чавлон дода, дод мезад: «Хой ақлатро ба ҷояш биёр! Зуд ба хона бирав!» Вале садои ӯ ба гӯши бародар намерасид, вай саргарми сурудхонӣ буд. Ҳавохоҳонаш, савороне ки хофизонро иҳота карда буданд, ононе ки ҳар як сухани хофизонро ба гӯши худ ҳалқа мекарданд, дар як они воҳид Абдулхонро фишор дода, ба каноре бароварданд ва аз ҳар сӯ ба китфу гарданаш чанд тозиёна ҳам фароварданд. Дар он ҳангома кӣ медонад, ки ин корро кӣ карду кӣ накард. Абдулхон ночор асп тозонду бирафт...
Сурудхонӣ идома мекард. Дар он лаҳза суруди тозае ба вуҷуд омада, аз дахон ба дахон мегузашт:
«Бомдодон гавазни ошиқ маъшуқаро фарёд мекунад ва дараҳои кӯҳистон акси садояшро ба дуродур мебаранд» — месароид Раймалӣ-оғо.
«Бомдодон кун сафед дар фироқи ёр нолон ба офтоб менигарад ва хуршеди ҷаҳонтоб дар назараш курси сиёҳ метобад» — дар ҷавоб мегуфт Бегимой.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо