Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ки ба оини рӯзгор мухолиф бувад? Не, Бегимой, ваъда намедиҳам, ки дар суханорой бо ту баҳс кунам. На аз барои он ки қудратам намерасад, на аз он ҷиҳат, ки хазинан суҳанам адо шудааст, на аз он сабаб, ки овозам бешира гаштааст. Метавонам фақат мафтуни ту бошам, Бегимой. Метавонам танҳо дӯстдорат бошам, Бегимой ва фақат дар ишқ бо ту ба баҳс пардозам, Бегимой!
Раймалӣ-ого инро гуфту думбураро ба даст бигирифт, торҳои онро аз нав ҷӯр кард ва суруди тозаеро ба ҳамон тарзи пешина оғоз намуд ва садояш гоҳ чун шуввоси бод дар марғзори нозук ба гӯш мерасиду гоҳе ба мисли раъд дар осмони равшани лоҷварди гулдурос мезад. Ва аз ҳамон замон дар рӯи замин ҷовидон бимонд он суруд. Суруди «Бегимой» буд он тарона:
«...Аз дуродур омадӣ, то аз чашма об нӯшӣ, ба пешвозат медавам, зери поят мефитам, Бегимой. Вопасин рӯзам бошад, охири умрам бошад, ман намемирам, нахоҳам мурд... Бегимой. Аз нав зинда хоҳам шуд, абад-зинда хоҳам буд, бе ту натвон зист, Бегимой. Бе ту нахоҳам буд, бе ту нахоҳам шуд, Бегимой. Ту чароғи ман, Бегимой, нури чашми ман, Бегимой...»
Ҳамин тавр ӯ таронаи «Бегимой»-ро мехонд. Он рӯз дергоҳе дар хотири мардумон бимонд. Дар бораи Раймалӣ-ого ва Бегимой нақлҳои бисёре мекарданд. Вақте ки арӯсро ба хонаи домод мегуселониданд, дар миёни хаймазори тӯйхона, дар миёни издиҳоми меҳмонон ва саворони хушлибос пешопеши арӯсбарон Раймалӣ-ого ва Бегимой асп меронданду таронаи муборак бод мехонданд. Дӯш ба дӯш мерафтанд, рикоб ба рикоб мерафтанд, чун ҳусни ҳам мерафтанд. Аз худо бахт мехостанд барои навҷавонон, шукри ҳаёт мегуфтанд, думбура менавохтанд, найнавозӣ мекарданд, ҳар ду суруд мехонданд — гоҳ ин мехонд, гоҳ вай, гоҳ ин месуруд, гоҳ вай...
Ва одамон дар шигифт буданд, ки чунин таронаҳое мешунаванд, буттаву ниҳолон ва сабзазорон дар ханда буданд, дуду забонаи гулханҳо ба рақс омаданд, мурғони ҳаво дар атроф озод парвоз мекарданд, бачаҳо тойҳои дусоларо савор шуда, бозӣ ва хушҳолӣ мекарданд...
Одамон ҳофизи куҳансол Раймалӣ-огоро гӯё намешинохтанд. Овози ӯ боз мисли пешина ҷарангос мезад. Худаш ба монандӣ пештара хушҳолу чолок гашта буд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо