Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
имсола нуздаҳсола шудам. Вале, ту Раймалӣ-ого, дар олами духтаронаи ман ҳанӯз ҳамон ва ҳамчунонӣ, ки будӣ, фақат мӯи сарат андак сафед шудааст. Вале барои ишқи ман ин монеа нест, дигарон, мӯй сафед накардагоне низ ҳастанд, ки лоиқи ишқу муҳаббат нагаштаанд. Ва, инак, ман омадаам. Акнун иҷозат бифармо рӯирост ва равшан бигӯямат: ихтиёр дорӣ маро чун дӯшизае рад намоӣ, аммо ҳақ надорӣ ҳамчун гӯяндадухтаре напазирӣ, зеро омадаам, ки дар суханорой бо ту баҳс намоям. Инак, майдон, аё устод, ва инак, навбат аз туст!
— Бигӯ, ки худат кистӣ? Ва аз куҷо меоӣ? — хитоб намуд Раймалӣ-ого ва аз ҷояш бархост. — Бигӯ, ки номат чист?
— Исми ман Бегимой.
— Бегимой? Пас то ҳол дар куҷо будӣ? Аз куҷо меоӣ, Бегимой? — ғайри ихтиёр гуфт Раймалӣ-ого ва маҳзунона сар ба сина ҳам кард.
— Раймалӣ-ого, ба ту гуфтам-ку: хурдсол будам, ба воя мерасидам.
— Ин ҳама фаҳмост, — гуфт Раймалӣ-ого. — Тақдири худам нофаҳмост! Чаро сарнавиштам ту, духтари паривашро ба фасли хазонам, дар остонаи зимистонам дучор овардааст? Чаро? То бигӯядам, ки ҳар он чӣ пештар буд, ҳеҷ буд ва ман дар рӯи дунё ба ройгон зистаам ва намедонистам, ки ба подоши ин зист рӯзе ранҷи дилнавозе насибам хоҳад шуд, ки туро бубинам ва бишносам ва суханҳои ширинат бишнавам? Чаро тақдир дар ҳаққи ман ба ин тариқа бераҳмӣ кардааст?
— Беҳуда аз тақдират гила мекунӣ, Раимолӣ-ого, — гуфт Бегимой. — Агар тақдир дар шахси ман ҳозир шудааст, аз ман хотират ҷамъ бошад, Раймалӣ-ого. Агар бидонам, ки бо навозиши духтарона, бо тарона ва муҳаббати самимона метавонам хушҳолат гардонам, зиёда аз ин мукофоте маро лозим нест. Хотират аз ман осуда бошад, Раймалӣ-ого. Вале агар аз ман дилпур набошӣ, агар дари дилатро ба рӯи ман накушоӣ, дар он сурат низ муҳаббати беқаронам заррае нахоҳад кост ва барои худ шарафи беамсол медонам, дар ҳунар бо ту мусобиқа кунам ва ба ҳар гуна озмоиш омода бошам.
— Ту чиҳо мегӯӣ, Бегимой? Имтиҳони суханварӣ магар имтиҳон бувад? Чӣ санҷишест озмоиши суханварӣ дар пеши имтиҳони мушкилтаре — дар назди муҳаббате

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо