Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
назари хосае медоштанд, медиданд, ки чӣ гуна ӯ дар ҷояш як қад париду гӯё бол ёзонид, чунон ки бургут дар оғози парвозаш мекунад. Нигоҳаш равшан шуд, чашмаш дурахшид ва худ ҳушёр гашт ба мисли он ки бонги дилҳои ёрро аз осмонҳои баланд бишнавида бошад. Ва Раймалӣ-ого синну худро фаромӯш кард ва сар барафрохт...
Духтари гӯянда ба суханаш идома дод:
«Модом ки ҷуръат карда омадаам, ҳиссаи маро бишнав, бузург-жирау. Солҳост, ки туро дӯст медорам, Раймалӣ-ого, эй ҳофизи худодод. Ба ҳар ҷо наравӣ, дар ҳар ҷо насарой, ҳамеша аз паи ту мерафтам, Раймалӣ-ого. Айб мафармо. Орзӯ доштам, ки мисли ту оқин бишавам, устоди аъзами таронасаро Раймалӣ-ого. Ва ба ҳар ҷо чун сояи ноаён аз паят мерафтаму ҳар як суханатро ба дилам ҷой мекардам, навоҳоятро ҳамчун ояте зикр карда, аз ёд менамудам, шеърҳоятро мисли афсунгарон пайваста такрор мекардем. Орзӯ мекардам ва аз даргоҳи худованд низ таманное доштам, ки маро лаёқати тавоное ато фармояд, то рӯзе аз рӯзҳои фирӯз туро муборакбод гӯям, изҳори муҳаббат намоям, дар ҳузури худат сухане ва завте офарида, ситоиш ва парастиши деринаамро изҳор дорам ва боз — илоҳо худованд ин ҷасоратро бномурзадам! — орзӯе мепарваридам, ки бо ту, аё устоди бузургвор, дар ҳунарнамоӣ мусобиқа кунам ва бигузор, ки мағлуб ҳам шавам. О Раймалӣ-ого, нигарони чунин рӯзе будам, чунон ки дигарон рӯзи муродашонро мунтазир мешаванд. Лекин ҳанӯз майда будаму ту шахси бузург будӣ, маҳбуби ҳамагон ва соҳиби чунон шуҳрат ва обрӯву иззат будӣ, ки ман, духтараки назарногире дар байни халқ, дар базмҳои серудам сазовори тамизат шуда наметавонистам. Вале ман аз таронаҳоят масту махмур шуда ва аз шарму ҳаё дарун-дарунам сӯхта, васли туро орзӯ мекардам ва мехостам ҳар чӣ зудтар ба балоғат бирасам, то бидуни биме ба хидматат ҳозир ва манзур бишавам. Оре, савганд ёд кардам, санъати сухан, сиришти наво ва ҳунари сарояндагиро мисли ту, устоди азиз, аз бар кунам ва аз нигоҳи сахтгират наҳаросида ва нагурехта, ба наздат биоям ва табрикат бигӯям ва изҳори ишқ намоям ва заррае натарсида арзи даъво кунам. Инак, омадаам. Инак, ба хидмат омадаам. Айёме ки ба воя мерасидам, овоне ки мехостам зудтар болиға шавам, рӯзу моҳу солҳо басӣ суст мегузаштанд ва, ниҳоят, баҳори

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо