Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Раймалин ҷавон низ ишқ меварзид, ғусса мехӯрд, азоб мекашид ва лаҳзаи видоъ пой дар рикоб ашк мерехт ва ҳамаи ин корҳоро ба тарзи шоистае адо мекард... Аммо ба чӣ, барои чӣ лозим буд ҳамаи ин? Барои он ки дар овони пирӣ, вақте ки чун оташи зери хокистар оҳиста-оҳиста хомӯш мешавӣ, ҳамаи инро ба ёд оварию водэрӯғ бигӯй?

Раймалӣ-оғо ғамгину хомӯш ба андеша рафта буд. Ногаҳон шарфаи по, садои одамон ва чиринтоси гарданбанду хиширроси ба гӯш шиноси куртаҳоро бишнавид, ки ба хайма наздик меомад. Касе аз берун пардаи гулдӯзии даромадгоҳро баланд бардошт ва дар остонаи хайма духтаре пайдо шуд, ки думбураеро ба сина пахш карда буд. Рӯи кушоду нигоҳи бовиқор ва ситезакоре дошт он духтар. Абрувони камонаш аз шуҷоату ҷасораташ гувоҳӣ медоданд ва сар то пои он шаҳлочашм — ҳам қаду баст, ҳам андом ва ҳам линоси духтараконааш базебу дилкаш буд. Вай дар назди даромадгоҳ дар ҳалқаи дугонаҳо ва чанд нафар йигитҳо истода, сар ба таъзим хам намуд ва аз одамони номвар маъзарат бихост. Аммо касе аз ҳозирон ҳанӯз ба лаб кушодан фурсате наёфта, духтарак ба торҳои созаш нохун зад ва ба Раймалӣ-оғо муроҷиат карда, суруди табрикиро оғоз намуд:

«Сорпон аз дуродур ба самти чашма меравад, то ташнагии худро бишканад. Ман ба назди ту, Раймалӣ-оғо, ҳофизи номдори мо, бо каломи табрик омадам. Айб мафармо, ки ба наздат бо шӯру ғавғо омадаем, тӯйхона манзили базм асту макони хушҳолӣ. Аз ҷасорати ман тааҷҷуб накун, Раймалӣ-оғо, ҷуръат намуда, суруде овардам, вале дилам аз изтироб ва тарси ниҳони ҳамеша моломол буд, чунон ки қабл аз изҳори муҳаббат дили кас ба ларза меояд. Айбам ҳамин аст, ки тору пудамро аз шуҷоат бофтаанд. Гарчи ба тӯю сур беибо меравам, ба мулоқоти ту як умр омода мешудам, ба мисли занбӯре ки зарра-зарра шаҳд чида, қатра-қатра асал меорад. Ба диданат чун ғунчае нигарон будам, ки дар вақту соаташ бояд бишкуфад. Ва, инак, он соат фаро расидааст...»

«Хой меҳмони париваш, сабр кун, бигӯ ки худат кистӣ? — мехост бипурсад Раймалӣ-оғо, аммо ба қатъ намудани суруди гӯянда ҷуръат накард ва бо ваҷду ҳайрат ба суханонаш гӯш медод. Дилаш аз ҳаяҷон лабрез шуд, ба танаш гӯё ҷони нав дамид ва агар ҳозирон

пешина
аз 293
навбатӣ