Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

муаммои соҳибхирадон ба сари ӯ низ биомад, ки барои чӣ фарзанди инсон ба дунё меояд? Дигар ӯ мисли пешина тӯй ба тӯю базм ба базм намегашт, бештар дар хона менишаст, аз думбурааш акнун савтҳои ғамангез зиёдтар садо медоданд, бештар ба олами ёддоштҳо сайр мекарду бо куҳансолон аз бевафоии умр сӯҳбатҳо меорост...

Ва мегӯянд, Худо шоҳид аст, ки дар айёми пириаш агар ҳодисае рух намедоду моту мабҳуташ намесохт, Раймалӣ-оғо рӯзгори худро ба оромӣ ба анҷом мерасо- нид.

Рӯзе аз рӯзҳо Раймалӣ-оғо дилтанг шуду аспи сол- хӯрдаи худро Сараларо зину лаҷом зад ва ба тӯйи бузурге раҳсипор шуд, то баҳри дилаш андаке кушода шавад. Ба ҳар эҳтимол думбураашро бо худ бигирифт. Шахсо- ни мӯътабаре илтимос карданд, ки зинҳор ба тӯй таш- риф оварад ва агар сурудан нахоҳад ҳам, меҳмон бо- шад. Бо ҳамин ният ӯ ба роҳ баромад ва умед дошт, ки ба зудӣ баргардад.

Бо иззату икром пешвозаш гирифтанд, аз хаймаи сафедгунбад ҷой доданд. Дар сӯҳбати одамони номдор менишаст, қумиз меошомиду суханҳои нек ва шоиста мегуфт.

Дар овул тӯй ба авҷаш расида буд, аз ҳар сӯ са- дои хандаву суруд, овози ҷавонон ва шӯхию бозиҳои онон ба гӯш мерасид. Дар як тараф ба пойга ба ифти- хори арӯсу домод тайёрӣ медиданд, дар як тарафи ди- гар ошпазҳо дар сари гулханҳо ҷунбуҷӯле доштанд. Шиҳаи аспон, ҷастухези сагон шунида мешуд, бод аз домани дашт бӯи гулу сабза меовард... Вале аз байни садоҳо Раймалӣ-оғо бештар ба савту суруд эътибор ме- дод, ки аз хаймаҳои ҳамшафат ба гӯш мерасид, гоҳ- гоҳе қаҳқаҳои духтарон дар атроф гулгула меафканду ӯро хушёр менамуд...

Дили ҳофизи пир дар азоб буд. Зоҳиран ба ҳамсӯҳ- батон маълум накунад ҳам, ботинан дар олами собиқа сайр мекард, дар айёме ки худ барно буду зебо буд ва савори аспи ҷавони бодпо Сарала роҳхон тӯлониро ба- шаст мепаймуд ва рустаниҳо дар зери суми аспаш мон- да мегиристанд ва механдиданд, суруди ӯро шунида, офтоб ба истиқболаш меомад, боди муаттар дар сина- аш ғунҷоиш намеёфт, аз навои думбурааш хуш дар ву- чуди одамон ба ҷӯш меомад, ҳар як сухани ӯро шуни- да, гӯш ба гӯшу дахон ба дахон мебурданд ва худи

пешина
аз 293
навбатӣ