Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

оламгир дошту ба моли дунё коре надошт. Рӯзгораш булбули айёми навбаҳор барин мегузашт, болонишини базму зиёфатҳо буд, хуш мехӯрду хуш мегуфту хуш мегузаронид. Аспаш ҳам мӯҳтоҷи дону алаф набуд. Лекин якта-нимта одамони соҳибқудрату давлатноманд ёфт мешуданд, ки Раймалӣ-огоро дӯст намедоштанд. «Хар-загард аст, мегуфтанд, боди сарсарӣ барин дашт ба дашт мегардад». Оре, дар ғайбаш бадгӯӣ мекардагиҳо низ буданд.

Вале ҳамин ки Раймалӣ-ого дар базме ҳозир шуд, баробари баланд шудани садои думбурааш ҳама, ҳатто онҳое ки дар ғайбаш маломат мекарданд, хомӯш мешуданд, чашм аз дасти ӯ, аз чашму рӯи ӯ канда наметавонистанд. Ба дасташ аз он сабаб чашм медӯхтанд, ки ҳунари беҳамтое дошт: дар қалби одамизод эҳсосоте буд намешавад, ки савти ҳамоҳангии онро аз торҳои соз пайдо карда натавонад; ба чашмонаш барои он нигоҳ мекарданд, ки ақлу фаросат ва неруи рухаш аксандоз буданд; ба рухсораш аз он сабаб назар медӯхтанд, ки марди нуронӣ ва бас зебое буд. Вақте месароид, чеҳрааш, чун рӯи баҳр ба рӯзи пурбод, дам ба дам дигаргун мегардид...

Замҳояш дер намепоиданд, сабру токат аз даст дода, хонаашро тарк мегуфтанд, аммо басе занҳо буданд, ки шабонгоҳон дар орзӯи висолаш пинҳонӣ оби дида мерехтанд.

Ба ҳамин тариқат — аз суруд то суруд, аз тӯй то тӯй ва аз безме то безме мегузашт умри вай. Ва ноаён айёми пирӣ даррасид. Аввал дар мӯи лаб, пас дар ри-шаш тораҳои сафед дамиданд. Ва ҳатто Сарала ди-гар шуд — танаш косту ёлу думаш ноқису кӯтоҳ шуд, акнун фақат гашташро дида, гуфтан мумкин буд, ки як вақтҳо аспи аълое будааст. Ва Раймалӣ-ого ба мавси-ми зимистонаш қадам ниҳод ва сафедори танҳоеро ме-монд, ки баргҳояш рехта, шоҳу навдаҳояш урён шу-даанд... Ва, инак, маълум шуд, ки ӯ на оила дорад, на хона, на соҳиби рамае асту на сарвати дигаре. До-дараш Абдулхон ӯро паноҳ дод, аммо қабл аз он дар ҳузури хешу табори наздик як олам таънаву маломат зад. Бо вуҷуди он бифармуд, ки барои ӯ хаймаи ало-ҳидае рост намоянд ва аз хӯроку пӯшокаш огоҳ бошанд.

Акнун Раймалӣ-ого аз овони пирӣ месароид, онд ба анҷоми ҳаёт андеша меронд. Ва таронаҳои ҳӯзнангези дилошӯбе ба дунё месомаданд он рӯзҳо. Ва нахустин

пешина
аз 293
навбатӣ