Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ногузир наҷот доданд. Ту Укубала барин занро сад сол кобӣ, намеёбӣ. Ба ҷои вай зани дигар мешуд, чунон мекард, ки аз Қаранорат ҳам гузаронида, ба он тарафи дунё гурехта мерафтӣ...
Едигей хомӯш буд. Чӣ ҳам мегуфт? Гапаш ҳақ буд. Аммо фаҳмиши Қазонқоп ҳам, ба назари Едигей, ҳадду худуде дошт. Бинобар ин Едигей ҷавоби дурушт гардонид.
— Хайр, шуд! — гуфт Едигей ва беэтиноёна ба каноре туф кард. — Донои ҷаҳон! Барои ҳамин ҳам бисту се сол боз дар ин ҷо моҳи беайбу ситораи бедум барин гаштай. Ҳайкали сангин! Дили одамро ту аз куҷо медонӣ? Шуд! Ба насиҳатгӯшкунӣ вақт надорам, — ва Едигей дигар чизе нагуфту бирафт.
— Хайр, ихтиёр ба дасти бахтиёр, — аз пасаш гуфт Қазонқоп.
Баъди ин гуфтугӯ Едигей қасд кард, ки дуроҳан нафратангези Бурониро тарк намояд. Ҳа, ба ҳамин қарор омад, чунки дилаш ҳамчунон таскин намеёфт, гузаштаро фаромӯш карда наметавонист, дар талош бо ғаму ғуссаи дилфигор нотавон меомад. Бе Зарифа ва писаракони ӯ олам дар назараш урён шуд, холӣ шуд, торикистон шуд. Ва он гоҳ Едигей Чонгелдин қарор дод ба сардори дуроҳа дар бораи аз кор озод карданаш ариза дода, бо оилаи худ ба ягон гӯшаи дунё баромада равад ва аз ин азоб худро халос намояд. Фақат дар ин ҷо дигар намонад, шуд. Охир, ӯро ба ин дуроҳан ба ғазаби худо гирифторшуда бо занҷир набастаанд-ку! Чӣ қадарҳо одамон дар дигар ҷоҳо — дар шаҳрҳо, деҳаҳо — зиндагонӣ мекунанд! Агар онҳоро ба ин ҷо биорӣ, як соат ҳам намеистанд. Чаро вай бояд як умри худро дар ин ҷо ба ройгон диҳад? Чӣ гуноҳе дорад вай? Не, бас, меравад акнун. Ба соҳили Баҳри Арал бармегардад, ё ба Қарағанда меравад, ё ба Алма-Ато. Дар олам ҷои кам аст магар! Марди коргар аст, дасту пояш бутун, тану ҷонаш саҳат, каллааш кор мекунад. Хоҷати фикру андешаи зиёде нест, ба рӯи ҳамааш туф мекунаду сарашро гирифта баромада меравад.
Едигей фикр мекард, ки аз ин хусус ба Укубала чӣ гуна гап кушояд, чӣ тавр ӯро розӣ кунонад. Дигараш ҳеҷ мушкилӣ надорад. Вай барои чунин сӯҳбат фурсати муносиб меҷуст, ки як ҳафта гузашта рафту баногоҳ Қаранори Буронӣ пайдо шуда омад, ки соҳибаш (ба озодӣ) пеш карда буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо