Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба рӯи замин зону зада буд. Ягон подшоҳ, ё император ё хокиме аз олами аз даст рафтани тахту тоҷу молу мулк бо чунин андӯҳ ва навмедии бекароне дар пеши дунёи равшан ба зону наафтада буд ончунон ки Едигеи Бӯронӣ рӯзи ҷудой аз дилбохтааш ба зону афтода буд...

Аммо Замин ҳамчунон гирдгардон буд...

Тахмин баъди се рӯз Қазонқопу Едигей аз анбор барои маҳкам кардани рельсҳо гулмеҳу болиштак мегирифтанд. Қазонқоп бастани оҳанпораҳоро ба занбар бор карда, гӯё дар омади гап изҳори ақида мекард бошад, гуфт:

— Ба назарам, одамгурез шудаӣ, Едигей. Як-ду дақиқа гапзанон кунем, гӯям, ҳеҷ намешавад. Худатро дур мекашӣ гӯё...

Едигей якбора ва бо хашм ба Қазонқоп чашм дӯхта гуфт:

— Агар мо гапзанонамонро сар кунем, ман туро ана дар ҳамин ҷоят хафа карда мекушам. Ту инро хуб медонӣ!

— Медонам, нағз медонам. Ту омадаӣ, ки маро хафа карда бикушӣ, боз ягон каси дигарро бикушӣ. Хӯш, сабаби ин қадар қаҳру итоб чӣ будааст?

— Вайро шумо маҷбур кардед, ки биравад! — рӯи-рост гуфт Едигей он чиро ки ҳамин қадар рӯз азияташ медод.

— Э мон-е! — сар афшонид Қазонқоп ва чеҳрааш ё аз газаб ё аз ҳиҷолат суп-сурх шуд.— Агар ҳамин хаёл ба каллаи худат омада бошад, на фақат аз мо, балки аз вай ҳам бадгумон будӣ. Ту сад бор шукр кун, ки ин занак зани оқилае будааст, ту барин набудааст. Худат лоақал ягон маротиба оқибаташро андеша кардӣ? Не! Вай андеша кард ва ҳанӯз қайла аз маза нагузашта, қарор дод, ки биравад. Аз ман илтимос кард, ман ба вай кӯмак кардам. Ман ҳам пурсуқов накардам, ки бачаҳоро гирифта ба куҷо рафтанист, худаш ҳам нагуфт. Бигузор, ки худаш донаду нону насибаш. Фаҳмидӣ? Ягон коре накард, ягон сухане нагуфт, ки ба иззати нафси худаш ё зани ту сахт мерасида бошад. Ва онҳо чунон ки фарзанди инсонро шоиста бошад, бо ҳамдигар хайрбод гуфтанд. Медонӣ, ту бояд ба пои ҳар дуяш сар монда, саҷда кунӣ, онҳо туро аз фалокати

пешина
аз 293
навбатӣ