Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Дафъи мӯминон шав, сакалту! Бирав, бирав! Ҳаром мурӣ, илоҳо, ҳайвони носерам! Ба хунат гел зада бимирӣ илоҳо!

Қаранор аз миёни дашти нимторик давида мерафт ва дере нагузашта дар паси ғубори барфолуд нопадид гардид. Фақат дам ба дам садои бонғи ӯ аз дур ба гӯш мерасид. Едигей ба худ тасаввур намуд, ки ӯ чӣ тавр ин шаб то саҳар беист хоҳад давид, барфу бӯрон нагуфта, ба сӯи модиёнҳои Ак-Мойнак хоҳад шитофт.

— Туфу! — ба сӯи Қаранор туф кард Едигей ва бар паи фароҳу амиқи ҷуссаи худ, ки дар рӯи барф гузошта буд, баргашт. Дар сараш телпак, дар танаш пӯстин надошт, пӯсти рӯй ва дастонаш сӯзиш мекард. Дар ҳавои торик тозиёнаи худро кашолакунон қадам мезаду баногоҳ ҳоли табоҳи худ, аҷзу нотавонии худро дарк намуд. Рӯи барф ба зону афтод ва ҳам шуда, сари худро ба каф гирифту аз тахти дил бигирист.

Дар миёни биёбони Сари Озек яккаву танҳо монда буду ба гӯшаш мерасид, ки бод сар-сари дашт медавад, хуштаккашон қабати рӯи барфро рӯфта мебарад. Пас садои аз осмон афтодани барфро бишнавид. Ҳар як зарраи барф, лак андар лак зарраҳои барф ба тарзи ноаёне ҳишир-ҳишир карда ва дар фазо шибир-шибир лағжида, ба забони хол ҳамон сухани худи Едигейро тасдиқ мекарданду мегуфтанд, ки ба азоби ҳиҷрон ӯ тоб оварда наметавонад, дур аз зоти маҳбуба, дур аз писаракони вай, ки Едигей онҳоро назар ба як тоифа падарони гармтар дӯст медорад, зиндагонӣ кардан маъное надорад. Ва ӯ хост, ки ҳозир ва дар ҳамин ҷо бимирад ва мурдааш дар таки барф бимонад.

— Худо нест! Вай ки якпула инсоф надошта бошад, аз дигарон чӣ гила? Худо нест, нест худованд! — гуфт ӯ локайдона худро дар биёбони торики Сари Озек яккаву танҳо дида. То ин дам ӯ ҳеҷ гоҳ чунин калимаҳоро бо овози баланд ба забон набурда буд. Ва ҳатто соате ки Елизаров дам ба дам исми худовандро худ ба забон гирифта, дар айни замон талқин менамуд, ки аз нуқтаи назари илм худо вуҷуд надорад, ба гапи ӯ бовар намекард. Аммо акнун бовар кард...

Ва Замин дар чархи фалаки хеш давр мезад ва бод
дар баландиҳои арш рӯи онро навозишкорона сила мекард. Оре, Замин дар атрофи Офтоб шиновар буду дар
гирди тири худ низ давр мезад ва бар дӯши худ он соат мардеро бардошта мебурд, ки дар биёбони пурбарф

пешина
аз 293
навбатӣ