Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

кунӣ. Аммо вай бачаҳояшро гирифта рафтааст. Ягон ҷонзод ғами маро намехӯрад! Ман акнун дар дунёи равшан чӣ хел зиндагонӣ мекунам? Бе вай чӣ хел зиндагонӣ мекунам? Шумо садқаи сар гуфта бошед, ман ҳам садқаи сар мегӯям. Ма, сағи дайду, бигир! Ана боз! Мана!

Қаранор аз зарбаҳои тозиёна фарёд мекашид, аз шиддати тарс ва дард девона шуда, худро ба ҳар сӯй мезад ва, ниҳоят хоҷаашро аз пой барафтониду ҷуссаи ӯ рӯй-рӯи барф кашолакунон давид. Пайкари ӯро, гӯё вай ғӯлаҷӯбе бошад, бо қувваи беинтиҳои ваҳшиёна кашолакунон медавид ва мехост, ки ҷони худро аз дасти ӯ ворахонад ва ҳар чӣ зудтар бигурезад, бо он ҷое биравад, ки ӯро аз он ҷо маҷбуран оварда буданд.

— Биист! Биист! — дод мегуфт Едигей, ки ба қабати барф ғӯтида нафасгардон мешуд.

Телпаки Едигей аз сараш парид, барф сару рӯй ва шикамашро месӯзонид, ба паси гардан, ба багалаш медаромад, тозиёна ба дастонаш печида буд ва ӯ илоҷе надошт, ки атанро аз тохт боздорад, нӯки танобро аз камарбандаш бикушояд. Қаранор аз тарсу ҳарос ҳирасар гашта медавиду ҷуссаи ӯро кашон-кашон мебурд ва халосии худро танҳо дар фирор медид. Дар ин асно гӯё мӯъҷизае рӯй доду Едигейро муяссар шуд, ки сағаки тасмаашро суст карда, камарбандашро ковоктар намояд, вагарна дар мағзи барфтӯдаҳо нафасгардон шуда мурданаш яқин буд. Вай нерӯи охиринашро ғундошта, аз нӯки таноб кашид ва Қаранор ҷуссаи ӯро боз чанд метри дигар кашолакунон бурду баъд бозистод.

— Ҳаҳ, ҳаром мурӣ ту! — андаке ба худ омада зери лаб гуфт Едигей. Вай ҳамчунон вазнин-вазнин нафас мегирифту андаке мекалавид. — Ҳоло ту ҳамин хелӣ? Набошад, ма ба ту, сағи сақалту! Дафъ шав аз пеши назарам! Гум шав, ки дубора чашмам ба афту башараат наафтад! Илоҳу, ҷоната худо бигираду ҳаром бимурӣ! Илоҳу, сағи девона барин туъмаи тири милтик шавӣ! Неши касофат ту! Хабари мурдаат аз дашт биояд, илоҳу! — Қаранор ба тарафи дуроҳои Ақ-Мойнак мегурехт, Едигей аз дунболаш давида, дашному ҳақорат мелоду тозиёна мезад.

Соати интикому пардохт, соати видои онон буд. Едигей боз муддати мадиде аз дунболи Қаранор фарёд мекашид:

пешина
аз 293
навбатӣ