Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Диққати Едигейро аввал аккоси саг ҷалб намуд. Вай дар пушти хона ав-авкунон ба куҷое тозон мераф-ту боз базмегашт ва боз башиддат аккос мезад. Едигей чӣ воқеа шуда бошад, гӯён берун баромад ва дар қа-рибии хона ҷонвари ношиносеро дид, андомаш ба уш-тур монанд, лекин чӣ уштури аҷибу ғарибе буд ва дар як ҷо ночунбон меистод. Едигей наздиктар рафта, Қара-нори худро бишинохт.
— Ҳа, ин туй? Бечора, холу аҳволи туро бинанду... Ин қадар харобу адо шудай! — ҳайрон шуда гуфт Еди-гей.
Аз Қаранори Бӯронии пештара фақат пӯсту устухон монда буд. Каллан калонаш бо чашмони маҳзуни фурӯ-рафта дар сари гардани бориқаш алвонч мехӯрд. Пату пашмаш гӯй аз они худаш набуд, балки барои ханда часпонида шуда буд ва аз зону поёнтар овезон шуда меистод. Аз кӯхонҳои пешинаи Қаранор, ки чун бурҷҳои тирагун қомат афрохта меистоданд, нишоене намонда буд. Ҳар ду кӯҳон ба мисли пистонҳои пажмурдаи пи-разанон ба як тараф ғалида мехобиданд. Атан ба андо-зае аз хол рафта буд, ки ҷисми худро то ба хота ра-сонида натавонистааст. Ҳастии худро то охирин қатраи хун, то вопасин зарраи ҷон ба айёми даваш сарф кар-да, дар ҳоле то ба ин ҷо кашола шуда омада буд, ки рамаке ба ҷонаш монда буд ва пайкараш чуволи хо-лиро мемонд.
— Ҳай, ҳай, ҳай! — Едигей сар то пон Қаранорро тамошо карда, тамасхуромез изҳори тааҷҷуб менамуд. — Ана холу мана аҳвол. Туро ҳатто саг нашинохтааст. Пештар чӣ? Пеш атан будӣ, атан! Э қоил ман! Бо ҳа-мин башара боз бинӣ кашида омадӣ? Айбу шарм ҳам чизи хуб! Хайр, хояҳот дар ҷояшон? Раҳорах гум на-кардӣ? Уф-ф, аз танат ин қадар бӯи бад меояд! Мадо-рат нарасидааст, ки дуртар шоша кунӣ, ба поят шорӣ-дааст. Мана, бин, мезакат ба қунат ҳам расида, ях баста мондааст. Бечора! Ҳолакат хароб, бисёр хароб...
Қаранор мадори ҷунбиш надошт. Аз нерую шаҳомати пешина осоре набуд. Сурати ғамангезу раҳмоваре дошт, фақат сар меҷунбониду мекӯшид, ки аз пой наафтад.
Ба ҳоли атан дили Едигей сӯхт. Ба хона даромада, як лаганча гандуми сара овард. Аз болояш як каф намак пошид.
— Ма, бихӯр, — лаганчаро ба пеши уштур гузошт. —

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо