Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
ва гардани дарозу сари сермӯи наъразани ӯ гоҳ дар ин ҷо падидор мешуд, гоҳ дар он ҷо. Қуввату қудрати ӯро гӯё интиҳое набуд! Дар ҳамин гуна як лаҳзаи нобоб низ мехост бо ишқварзиаш машғул бошад ва дам ба як модиён мечакиду дам дигарашро аз ҷон безор мекард, онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кардани шуда, аз рон ё бучулаки пояшон сахт-сахт мегазид. Вале ин корҳояш дигар аз ҳад берун буданд, зеро модауштурон рӯзона ҳавову ҳаваси ӯро бо майли тамом қонеъ меқунониданд ва ҳамин қадараш барои онон басанда буд ва шабона мехостанд, ки онҳоро осуда бимонад. Аз ин сабаб дар ҷавоби ҳамлаҳояш эътирозомез фарёд мезанд ва аз амраш сар метофтанд.
Қарибиҳои бомдод Қаранори Бӯронӣ низ андак ором шуд. Дар паҳлуи галаи уштурон қарор гирифта, гоҳ-гоҳе ба атроф ваҳшиёна назар меафканд ва гӯё хобу хоболуд бонг мезад. Ва он гоҳ модауштурон рӯи барф ёзиданд. Ҳамаи чаҳор тан паҳлуи ҳам хобида, гарданҳои худро ба пеш ёзонида, сар хам намуданд ва ба ғанаб рафтанд. Онҳо уштурбачаҳоро хоб медиданд. Уштурбачаҳо ки аз ин пеш зоидаанд ва онҳое ки аз камари атани сияҳмӯй акнун мебоист ба дунё меомаданд. Ҳа, аз ҳамин атани тавоноие, ки аз куҷое дав-давон омаду атанҳои дигарро дар набард шикаст дода, онҳоро соҳиб гардид. Хоб медиданд, ки тобистон шудааст, бӯи хуши явшон ба димоғ мерасад, пистонҳояшон зирк-зирк дард мекунад, эҳтимол, аз омад-омади шири нав дард мекунад... Қаранори Бӯронӣ ҳамчунон дар пос меистод ва дар ёлҳои дарозаш бод хуштак мекашид...
Ва Замин дар чархи фалаки худ давр мезад ва бод дар баландиҳои арш рӯи онро навозишкорона сила мекард. Замин дар атрофи Офтоб шиновар буд. Ва дар гирди тири хеш низ давр мезад. Ва ниҳоят лаҳзае расид, ки ба он паҳлуи Замин, ки биёбони Сари Озек воқеъ буд, субҳ дамид ва Қаранори Бӯронӣ бидид, ки ду одами уштурсавор дар қарибиаш пайдо шуданд. Онҳо Едигей ва Қошпан буданд. Қошпан милтике дошт дар даст.
Қаранори Бӯронӣ ба хашм омад, ларзид, ғазаболуд ва хусуматомез наъра зад: чӣ ҳад доштанд одамон, ки ба мулки вай сар дароранд? Чӣ гуна ҷуръат карданд, ки ба галаи вай наздик биоянд? Чӣ ҳақ доштанд, ки ба айёми даваш халал бирасонанд? Қаранор сар ва гардани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо