Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
дарозашро такони дода, даҳони аждаҳосонашро калон кушод ва дандон ба дандон зада, бо овози даҳшатангези ғулгуладораш наъра кашид. Аз даҳонаш дар ҳавои хунук фағона-фағона буғ баромада, ба ёли жӯлидааш мечаспид ва дар як они воҳид сап-сафед ях мебаст. Қаранор аз шиддати изтироб шоша кард. Поҳои худро кушод-кушод гузошта, рӯ ба самти бод оварду шоша кард. Дар фазо бӯи пешоб паҳн шуд ва чанд қатраи яхбастаи шоша ба рӯи Едигей афтод.
Едигей ба замин фаромада, пӯстинашро кашида ба рӯи барф андохт ва дар линоси сабук — нимтана ва шалвори пахтагин монда, тасман тозиёнаро аз дастааш раҳо намуд.
— Ман хушёр, Едике, ягон ҳаракати бад кунад, ҷо ба ҷо мехобонам, — гуфт Қошпан милтиқашро ба сӯи Қаранор рост карда.
— Не, лозим не. Аз ман хотирҷамъ бош. Соҳибаш худам, худам ҷавобгар. Аз худат эҳтиёт шав. Ба тарафи ту ҳамла кунад, гапи дигар.
— Майлаш, — розӣ шуд Қошпан, ки ҳамчунон савори уштур буд.
Едигей тозиёнаро дар ҳаво алвонҷ дода ва қарс-қарс садо бароварда, ба истиқболи Қаранораш равон шуд. Қаранор наздик омадани ӯро дида, боз бештар хашмгин шуд ва фарёд кардаву оби даҳонашро пош дода, лӯк-лӯкунон ба тарафи Едигей давид. Модауштурон аз ҷоҳои худ бархостанд ва ҳавотиромез дар гирду пеш ба давидан сар карданд.
Едигей рӯи барф қадам мезаду тозиёнаро, ки одатан дар барфтӯдаҳои сари роҳи оҳан бо он уштурони чигина бастаро меронд, ҳамчунон қарс-қарс дар ҳаво алвонҷ дода мерафт ва ҳанӯз аз дур Қаранорро ном гирифта, фарёд кард, ки шояд овози ӯро бишносад.
— Ҳой, ҳой Қаранор! Аҳмақӣ накун! Аҳмақӣ накун, гуфтам. Ин манам! Кӯр шудӣ магар? Ин ман, мегӯям!
Аммо Қаранор ба садои ӯ эътино накард. Едигей чашмони пурхашми Қаранор ва кӯҳонҳои худро ларзонида, ба сӯи ӯ башаст омадани пайкари бузургу сиёҳи вайро дида, сонияе ба даҳшат афтод. Ва сипас телпаки худро ба сараш зер карда поёнтар пӯшиду тозиёнаро ба кор андохт. Тозиёна дароз буд, тахмин ҳафт метр меомад ва аз тасмаҳои чарми ғафси равғанхӯрда бофта шуда буд. Уштур бонг мезаду ба Ёдиафканда,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо