Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
кушое думбура менавозад ва суруд мехонад, аз дил гузаронид Едигей. Худаш сардори дуроҳа аст, вазифааш назорат ба як қитъаи роҳи оҳан. Аммо кас метавонад ба чунин андешае биояд, ки ба қиссаи хузнангези гузаштаи қадим, ба қиссаи Раймали-оғои бадбахт ӯро чӣ корест ва чаро ӯ сурудхонон азоб мекашад гӯё ки саргузашти худро ривоят мекарда бошад?.. Ана чӣ неруе доштааст мусиқӣ ва суруди асл, фикр мекард Едигей. Чунон таъсират мекунад, ки ҳамин лаҳза бимур гӯяд, мемирӣ, бизеҳ гӯяд, мезиҳӣ... Кошки дар дили одам ҳамеша чунин оташе фурӯзон бошад ва кас битавонад бо хотири ҷамъ ва осудаву ором дар бораи худаш, зиндагониаш, тақдираш ба некӣ андеша кунад...
Едигей дар ҷои нав ба зудӣ хоб рафта натавонист.
Дар пеши тиреза рӯи бистар ёзида, гӯш медод, ки чӣ тавр бод дар берун ҳуштак мекашад ва қаторҳо ба ин сӯву он сӯ гузашта мераванд... Нигарони бомдод буд, то Қаранори лачомгусехтаро дошта ба роҳ андозаду зудтар ба дуроҳани Бӯрони бирасад. Он ҷо ӯро бачаҳои ҳар ду хонавода мунтазиранд, чунки ӯ ҳамаи онҳоро ба як андоза дӯст медорад ва ҳадафи зиндагониаш ҳам дар дунёи равшан ҳамин аст, ки онҳо шоду хуррам бошанд. Фикр мекард, ки ба чӣ тариқае Қаранорро ром намояд. Сарнавиштро бинед, ки зиндагониаш ҳам азони дигарон барин нест, уштураш ҳам як ҷонвари саркаши хашмгин аст, ки мардум ҳатто аз ҳайбаташ метарсанд ва ана акнун ҳозиранд бо тир зада бикушандаш... Аммо ба ҳайвони безабон чӣ хел мефаҳмонӣ, ки савоб кадом асту гуноҳ чист...
Ҳамон шаб боди тунди сармогине дар паҳнои дашт сайр мекард. Хунукӣ шиддат мегирифт. Чаҳор сар модауштури писандада ва ҷудо карда ба ҳимоят гирифтаи Қаранор дар нишебии зери тале ором меистоданд. Аз самти бодрас ба пайкарашон барф мезад ва онҳо ба як ҷо тӯда шуда ва сар ба гардани ҳам ниҳода, якдигарро гарм мекарданд, вале ҳокими беқарори жӯлидамӯяшон онҳоро осуда намегузошт. Вай ҳамчунон роҳ мепӯид, дар атрофи онон гирд мегашт ва ҳарчанд ба ҷуз моҳе ки аз баландиҳои арш аз паси ғубори барфомез партави хирае меафканд, дар атроф чизе набуд, аз касе ё чизи ноаёне рашк бурда, ғазаболуд наҷра мекашид.
Қаранор ҷое намеёфт, ки биносояд. Ин ҳайвони тираранги кӯшкӯҳон дар ҳавои дама рӯй-рӯи барф медавид

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо