Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ту, Едике, як қиссаро хотирасон мекунам. Бисёр куҳансолон онро медонанд, худат ҳам медонӣ. Воқеан, Қазонқопи шумо онро хуб ривоят мекунад. Лекин вай фақат нақл мекунад, ман бошам, ҳам месароям, ҳам худам бо думбура ҷӯр мешавам. Театри таппа-тайёр барин. Ин ба хотири ту, Едике. Инак, «Сухани Раймали-оғо ба додараш Абдулхон».

Боз думбура ба нағмасарой даромад, садои баму ширадори Эрлепес ба он ҷӯр шуд, ки барои ривоят дар бораи тақдири фоҷиавии жирау номдор Раймалиоғо басо мувофиқ буд. Раймали-оғо шастсола буд, ки ба духтари нуздаҳсола, мутрибаи даврагард Бегимой ошиқ шуд. Бегимой ситорае буд, ки дар осмони умри ҳофиз тулуъ намуд. Саҳеҳтараш, Бегимой ба ҳофиз дил бохт, аммо духтари озоди худ буд. Овозаи мардум Раймали-оғого маҳкум намуд. Ва аз ҳамон айём ин қисса ҳам дӯст дорад ҳам душман ва касе нест, ки бетараф бошад. Тоифае рафтори Раймали-оғого номаъкул мешуморад ва талаб мекунад, ки номи ӯро ба фаромӯшӣ биспоранд, гурӯҳе изҳори ҳамдардӣ мекунад ва достони ғамангези ошиқро аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл нақл менамояд. Ба ҳамин тариқа қиссаи Раймали-оғо зинда мондааст ва дар ҳамаи замонҳо онро дастае ҳимоят мекардаасту тоифае — мазаммат.

Ба хотири Едигей расид, ки чӣ тавр он марди лочинчашм аз байни коғазҳои Абӯтолиб Кутлибоев сухани Раймали-оғого ба додараш Абдулхон ёфта, чӣ қадар бадгӯйҳо карда буд. Абӯтолиб бошад, баръакс ин қиссаро хеле пурарзиш медонист ва мегуфт, ки ин достони Хӯтен биёбонист; немисҳо низ пирамардӣ бузург ва ҳирадманде доштаанд, ки ба ҷавондухтаре ошиқ шудааст. Абӯтолиб таронаи Раймали-оғого аз даҳони Қазонқоп ба умеде навишта гирифт, ки писаронаш як вақте ба воя расида, онро хоҳанд хонд. Дар зиндагонӣ мегуфт Абӯтолиб, воқеаҳои ҷудогона, тақдирҳои алоҳидаи инсонӣ вомехӯранд, ки рафта-рафта сарвати ҳамагон мешаванд, зеро арзиши он сабақ ба андозаи баланду гунҷоиши он рӯйдод ба дараҷаи бузург аст, ки воқеае ки ба сари яке омадааст, ба ҳамаи ҳамзамонони ӯ нисбате касб мекунад ва ҳатто ба ононе ки баъдтар, солҳои сол баъдтар ба дунё меоянд...

Дар назди ӯ Эрлепес нишаста бо як илҳоми дил-

1 Ж и р а у — ҳофизи бодиянишин (муаллиф).

пешина
аз 293
навбатӣ