Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

масти хобанд, бешубҳа. Аммо Укубала, эҳтимол ҳанӯз нахобидааст, зеро ки бояд андешае дошта бошад, бояд, ки дилаш аз чӣ хусусе гувоҳӣ дода бошад. Дар хонаи дигар — Зарифа бо писаронаш. Зарифа низ, албатта, бедор аст. Ҳочат ба сухан нест, ғуму андӯҳаш гарон. Боз чӣ қадар азобу кулфат ӯро дар пеш нигарон аст: ҳанӯз писарагон аз фоҷиаи падар хабар надоранд. Ва офтобро бо доман пӯшида намешавад...

Мусиқӣ хаёлоти ӯро гоҳ аз айёми гузашта ба имрӯза мекашиду гоҳе баргашта ба рӯзҳои собиқа мебурд. Ва сипас ба он чӣ ки фардо пеш хоҳад омад. Дар вуҷудаш ҳисси ғарибе пайдо шуд: мехост ҳар он чиз ки бароиш азиз аст, ҳамаи он оламеро ки ҳамин ҳоло дар назараш ҷилвагар шуд, аз хавфу хатар ҳимоя кунад, то ки ягон кас ба ӯ чиз осебе набинад. Ва ҳисси гунаҳгорӣ дар назди ҳамаи онҳое ки бо зиндагонии ӯ робитае доранд, ба дилаш ҳузн барангехт...

— Уа, Едигей,— хитоб намуд Эрлепес, ки андешамандона табассум мекард ва дар фароварди савт ба торҳои тадриҷан хомӯшшаванда нозук-нозук нохун мезад.— Ту аз роҳи дур хаста шуда омадаӣ, бояд истироҳат кунӣ, лекин ман думбура навохта нишастаам.

— Не, не, Эрлеке,— ҳиҷолат кашид Едигей даст ба рӯи сина гузошта.— Баръакс, кайҳо боз ин қадар ҳаловат набурдаам. Агар худат монда нашуда бошӣ, илтимос, давом деҳ. Бинавоз, Эрлеке.

— Кадом оҳангро навозам?

— Худат медонӣ, Эрлеке. Худи ҳунарпеша медонад кадом савт хуштар аст. Албатта, навоҳои қадима «форма»-таранд. Аз чӣ сабаб бошад, ба қаъри дил рафта мерасанд, ба андеша водор мекунанд.

Эрлепес ба аломати тасдиқ сар ҷунбонид.

— Мана ин Қошпани мо ҳам ҳамин хел, — ба соҳибхонаи ба сукут рафта ишора намуда, бо лабҳанде гуфт Эрлепес.— Навои думбураро шунавад, гӯё обу адо мешавад, гӯё тамом одами дигар мешавад, ҳамин тавр не, Қошпан? Лекин, ошно, мо имрӯз меҳмон дорем, хобат набарад. Ҷомҳо хушк нашаванд.

— Ин хизмат аз мо, — хушҳол шуд Қошпан ва ба истаконҳо кам-кам шароб рехт.

Онҳо шаробро нӯшида, газақ карданд. Эрлепес фурсате сокит нишасту пас думбураашро боз ба даст бигирифт ва торҳои онро нохун зада санҷид.

— Навоҳои қадима маъқул бошанд, — гуфт ӯ, — ба

пешина
аз 293
навбатӣ