Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Едигей назари тӯлонии пурмаъное дӯхт ва дар чашмони шаҳлояш паррави чароғ, чун нури офтоб дар баҳр, лаҳзае аксандоз шуд. Сипас ба торҳои созаш панҷа заду ангуштони гиро ва чобукаш ба рӯи пардаҳо ба ҳаракат даромаданд ва дар як они воҳид хӯшаи томи савтҳо хамел шуд ва боз чанд гирахи навои тоза ба ҳам васл шуд, ки мутриб пас аз равнақи тарона аз онҳо низ бо саховат мебоист хӯшаҳои ҷудогонаи дилпазир муназзам мекард. Ва Едигей ногаҳон дарк намуд, ки шунидани ин савтҳо барои ӯ арзону ройгон нахоҳад афтод, зеро маълум гардид, ки дар меҳмони ҳавосаш фақат муддате парешон шудааст, худро фақат соате фаромӯш карда будааст, аммо нахустин нағмаҳои думбура ӯро боз ҳушёр карданд ва боз ба партгоҳи ғаму ғуссаву мусибатҳо сарнагун сохтанд. Чаро ин тавр шуд? Магар онҳо ки ин навору тасниф кардаанд, кайҳо огоҳ будаанд, ки ба сари Едигеи Бӯрони чӣ рӯзҳое меоянд, дар қисматаш чӣ ранҷу чӣ азобҳое навишта шудаанд? Вагарна аз куҷо медонистанд, ки Едигей аз таронаҳои Эрлепес фиғони дили худро мешунаваду эҳсос мекунад?... Равони Едигей гӯё ногаҳон аз хоби гарон бедор шуд ва бинолиду ба парвоз даромад ва ҳамаи дару дарвозаҳои олам ба рӯяш ба як бор боз шуданд: дарҳои шодӣ, ғам, андеша, иштибоҳ ва майлҳои норавшан...

Навои думбура Едигейро лаззату ҳаловате бахшид. Чеҳрааш боз шуд, дилаш ба риққат омад. Танҳо ба хотири ҳамин тарона меарзид, ки рӯзи дарозе дар биёбони сармогини Сари Озек роҳ паймояд. «Хуб шудааст, ки Қаранор ба ин тарафҳо омадааст, — аз дил гузаронид Едигей. — Вай омаду ночор ман ҳам омадам. Лоақал як бор нағмаҳои думбураро серӣ гӯш мекунам. Қанд занад Эрлепес! Ҳунарманд будааст! Мани бечора ҳатто хабар надоштам-е...»

Едигей ба таронаи Эрлепес гӯш дода, дар бораи худаш ба хаёл бирафт. Мехост ба рӯзгори худ аз каноре бингарад ё ба мисли калхоти танҳое ки бар фарози осмони дашт баромада, болҳои худро дар рӯи амвоҷи баландгирои бод густариш дода, дам ба дам бонг мезанаду парвоз мекунад, ҳамон тавр аз баландиҳо Сари Озек ҷилвагар шуд. Дар он ҷо, дар ҳамгашти ноаёни роҳи оҳан чанд кулбае ба ҳам часпида мехобад ва чанд чароғе метобад. Дуроҳои Бӯронист он. Дар яке аз хонаякон — Укубала ва духтараконаш. Духтаракон

пешина
аз 293
навбатӣ