Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Сони сардори дуроха Эрлепес омад, ки Қошпан ба назди меҳмон даъват карда буд.
Қайҳо шаб фаро расида буд. Мисли дурохаи Бӯронӣ дам ба дам гумбуросанон қаторҳо мегузаштанд, шишаи тирезаҳо чирингос мезад, бод ба дару девор расида, хуштак мекашид. Ҳарчанд, ин мавзеъ низ дар сари ҳамон роҳи оҳан, дар миёни ҳамон дашти Сари Озек воқеъ буд, бо вуҷуди он ин ҷо дигар ҷое буд ва Едигей дар байни одамони дигаре буд. Вай меҳмон буд ва гарчи ба суроғи Қаранори дайду омада буд, бо иззату икром пешвозаш гирифтанд.
Эрлепес омаду Едигей худро дар ҷои нав боз бароҳаттар ҳис намуд. Эрлепес таърихи қавмҳои қазокро хуб медонистааст. Сӯҳбат номаълум ба замонҳои қадима, ба одамони номдор ва қиссаҳои машҳур бигузашт. Едигей бо ошнокои акмойнакиаш ба зудӣ унс гирифт. На фақат сӯҳбати шавқовар боиси ин гардид, балки меҳмоннавозии соҳиб ва соҳибаи хона, инчунин дастархони пурнозу неъмат ва шароб. Едигей, ки дар ҳавои хунук аз роҳи дур омада буд, ним истакон арақро ошомиду аз рӯи хонтахтаи гирда як порча орқоҷи намакин — гӯшти гардани тайлокро гирифта ба дахонаш андохт ва ҳис намуд, ки як нармии роҳатбахше ба аъзои баданаш давида рафт ва тану ҷонаш баробар ҳузур кард. Андаке ширакайф шуд Едигей Бӯронӣ, хушҳолтар гардид, лабонаш ба табассум моил шуданд. Эрлепес низ ба ифтихори меҳмон андаке шароб нӯшид ва низ хотираш биболид. Ин буд, ки аз Қошпан илтимос намуд:
— Қошпан, барака ёвӣ, ба хонаи мо рафта, думбураи маро биёр.
— Ана ин гапи дигар, — таклифро тақвият дод Едигей. — Аз айёми бачагӣ думбуранавозонро дӯст медорам.
— Ман он қадар навозандаи зӯр нестам, Едике, аммо ба хотири ту як-ду чиз менавозам, — гуфт Эрлепес ва аз ҳоло пичакашро кашида, остини куртаашро бар зада монд.
Эрлепес назар ба Қошпани серҳаракату сергап марди пуртамкин менамуд. Рӯхсори пурра, пайкари тануманде дошт ва андомаш эътимоде илқо менамуд. Думбураро ба даст гирифту ба хаёл рафт, гӯё аз рӯзгори ҳамарӯза ба масофае дур шуд. Одатан кас майлу рағбатҳои ниҳониашро изҳор кардан хоҳад, ҳамин гуна қиёфате мегирад. Эрлепес сози худро чӯр мекарду ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо