Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

софаро тай намуду ногаҳон дар дил хоҳиши зӯре эҳсос намуд, ки аз роҳаш баргардад, хок ба сари ҳамон Қаранори девонамизоҳ, бигузор ҳамон номанавис, ҳамон Қошпан вайро бикушаду пӯст канаду пӯсташро ба Едигей бифиристад, охир дар воқеъ ҳам, аз рӯи инсоф кат овардан мумкин? Бигузор тақдир ҷазояшро диҳад! Бигузор! Сазои сараш!

Оре, ҳамин гуна касде дар дилаш фурӯзон шуд. Аммо боз ҳиҷолат кашид ва худро ба даст бигирифт. Пай бурд, ки ин кораш аз рӯи ақл намешавад, дар назари одамон ва пеш аз ҳама дар назари Укубала ва хусусан Зарифа шармсор мешавад. Ва тасаллӣ ёфт. Дар дилаш гуфт, давои носабуриаш фақат ҳамин аст, ки зудтар ба манзил бирасаду тезтар баргардад.

Шомгоҳон ба Ак-Мойнак расид. Модауштур ҳам роҳкӯфта шуд. Роҳ дароз буд, фасл ҳам фасли зимистон. Қошпан ва аҳли оилааш одамони хуб будаанд. Модари куҳансолаш, занаш, писараки панҷсолаш (духтарчаи калонтараш дар интернати Кумбел мехондааст), ва худи Қошпан ҷой намеёфтанд, ки меҳмонро бинишонанд. Хона гарм ва пур аз садоҳои хушҳолона буд. Дар ошхона аз гӯшти захираи зимистонӣ таоме мепухтанд. Дастархон кушоданд. Модари пир бо дасти худ барои Едигей чой мерехт, дар бораи оила, фарзандон, аз рӯзгору зиндагонӣ, обу ҳаво пурсупос мекард, савол медод, ки аслан аз куҷо, аз кадом қавму қабила мешаванд ва дар навбати худ нақл мекард, ки кай ва чӣ тавр шуда, аз дурҳои Ак-Монак манзил гузидаанд. Едигей бо камоли майл дар сӯҳбат ширкат меварзид, равғани зарди гудохтаро ба нони гарм молида ва таъриф карда-таъриф карда мехӯрд. Равғани зарди аз маскаи гов гудохта дар Сари Озек чизи камёб аст. Равғани гӯсфанд, буз ва уштур низ беҷо нест, албатта, лекин мазаи равғани гов дигар хел, ба ҳар ҳол. Ба онҳо равғани зардро хешовандонашон аз Урал фиристодаанд. Едигей нону равғанро дулунча мезаду мегуфт, ки ба димогаш ҳатто бӯи марғзорон расид. Ин гап пиразанро хеле писанд омад ва дар бораи зодгоҳи худ — кишвари Яик1, аз марғзорон, ҷангалу дарёҳои он ба ҳикоят сар кард...

1 Яик — аз калимаи «жайык» (фароҳ, васеъ), номи бостонии дарёи Урал ба забони қазоқ (муаллиф).

пешина
аз 293
навбатӣ