Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

аст, якта тиркатӣ хирсро ҷо ба ҷо мекушад. Ду кас-ро ба шоҳидӣ чеғ мезанаму ба каллаи нафратангезаш як тир мезанам, вассалому, олам гулистон. Пӯсташро канда, бо ягон қатори роҳгузар ба худат мефиристам. Қаранори Бӯронӣ будааст, гуфта, андеша карда наме-шинам. Гапи ман якта. Ҳоло ки дер нашудааст, биё.
Инии¹ ақмойнақнат Қошпан».

Ана ҳамин хел қиссаҳо сар шуданд. Нависандаи нома шахси ғалатии намояд ҳам, огоҳиаш хеле ҷиддӣ буд. Едигей ва Қазонқоп маслиҳат карда, ба қароре омаданд, ки Едигей бояд фаВран ба дуроҳаи Ак-Мой-нак раҳсипор шавад.

Гуфтан осону кардан мушкил.

Саҳарӣ Едигей ба роҳ баромад. Укубала барои шаВ-хараш тӯша тайёр кард. Либоси гарм пӯшид. Аз болои нимтана ва шалвори пахтагин пӯстини гӯсфандӣ, ба пояш мӯзаи намадӣ, ба сараш телпаки сегӯшаи пӯсти рӯбоҳӣ пӯшид, ки на аз паси сар, на аз ду паҳлӯ ша-мол намедарояду мӯинаи гармаш сару гардани касро эмин медорад. Ба дастонаш дастпӯшакҳои гӯсфандӣ гирифт. Модауштури сафариашро зин мезад, ки писа-ракони Абутолиб омаданд. Ҳар дуяш омад. Даул гар-данпечи пашмини дастбофе овард.

— Амаки Едигей, очаам гуфт, ки ина пӯшад, гар-данаша шамол намезанад, — шарҳ дод писарак.

— Гардана? Гулӯ гуфтагист, гулӯ.

Едигей аз хурсандӣ бачаҳоро сахт ба оғӯш гирифт-а, бӯсаборон кард ва чунон ба риққат омад, ки дигар сухан ёфта натавонист. Дар замири дил кӯдаквор шод-монӣ мекард, зеро ин нахустин нишонаи таваҷҷӯҳ буд аз ҷониби Зарифа.

— Ба модаратон бигӯед, ки ман ба зудӣ бармегар-дам, — гуфт ӯ қабл аз роҳӣ шудан. — Худо хоҳад, фар-до пасмегардам. Ягон дақиқа таъхир намекунам. Сонӣ ҳама якҷоя нишаста, чойнӯшӣ мекунем.

Едигей Бӯронӣ аз тахти дил мехост зудтар ба Ак-Мойнаки зормонда бирасаду тезтар баргардад, то Зарифаро дида, ба чашмонаш бингарад ва бовар ҳосил кунад, ки ин гарданбанди дастбофе ки эҳтиёткорона таҳ карда, ба кисаи дарунии пиҷакаш андохт, рамзи тасодуфие набудаст. Едигей ба роҳ даромада, хеле ма-


¹ Ини — додар, хеши хурдсолтар (муаллиф).

пешина
аз 293
навбатӣ