Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Дар бораи моҷароҳои хунини Қаранор ба воситаи «телефони» даҳанакии Сари Озек боз ҳамин гуна хабарҳо мерасиданд, вале хабари воҳиманоктарин дар шакли мактуб аз дуроҳаи Ак-Мойнак омад. Мана, то ба куҷоҳо рафтааст ин падарлаънати бадкирдор! Охир Ак-Мойнак дар он тарафи истгоҳи Кумбел воқеъ гаштааст! Кошпан ном шахсе аз ҳамон ҷо нома фиристодааст. Мана дар ин рукъаи шоистаи таваҷҷӯҳ чиҳо навишта шудааст:
«Салом, мӯҳтарам Едигей-ого!
Ту дар дашти Сари Озек марди номдоре ҳастӣ, аммо афсӯс, ба ту ҳам як-ду сухани таънаомез гуфтан лозим меояд. Ман гумон доштам, ки ту марди баақли пухтакор ҳастӣ. Чаро Қаранори тороҷгарата бенӯҳта сар дода мондай? Аз ту умедамон ин набуд. Вай ҳамаи моро қариб гурдакаф кард-ку. Атанҳои моро зада афгор карду се модауштури беҳтаринаминро ҷудо карда гирифт. Боз якта модауштури зиндорро низ ҳамроҳаш овардааст. Эҳтимол, соҳибашро дар роҳ зада пеш карда бошад, вагарна уштур худ ба худаш зин намезанад-ку. Хӯш ки бошад, модауштурони моро аз гала ҷудо карда ба дашти кушод бурд ва акнун ҷонзоде — на инсон ва на ҳайвонеро наздик шудан намемонад. Магар ҳамин аз рӯи инсоф аст? Якта атанчаамон ҳаром мурд, маълум шуд, ки қабурғаашро зада майда-майда кардааст. Хостам, ки ба ҳаво тир андохта, Қараноратро тарсонда, модауштуронро пас гардонам. Афсӯс ки нашуд. Аз боло ҳам наметарсидааст. Ҳар ҷонвари назараш афтодаро ҳозир аст зинда ба зинда газида, хонда-хонда партояд! Ягона муродаш ҳамин ки ба кораш ҳалал нарасонанд. Хӯрок намехӯрад, об наменӯшад, модауштуронро чунон паи ҳам паҳш мекунад, ки замин меларзад. Чӣ тавр ваҳшиёна бо ин кор машғул шуданашро бубинӣ, нафратат ҷӯш мезанад. Гӯё рӯзи қиёмат расида бошад, аз арросаш сар то сари даштро пур мекунад. Гӯши одамизод ба иқобат меояд! Ба хаёли ман, вай ин корро сад сол дам нагирифта кунад ҳам, монда намешавад! Қади умрам ин хел ситамгарро надидаам. Ҳамаи сокинони қарияи мо ба ташвиш афтодаанд. Зану бачаҳо аз хонаҳошон як қадам дур рафта наметавонанд. Бинобар ин ман талаб мекунам, ки зуд биёю Қараноратру аз ин ҷо дафъ кун. Ба ту мӯҳлат медиҳам. Агар худи фардо омада, моро аз ин бало наҷот надиҳӣ, аз ман гила накун, огоҷон. Мултикам бузургмила

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо