Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
кушод партофта ва кӯҳонҳои таранги худро ларзонида ва ҷунбонида башаст давид. Аз дунболи худ абри барфинро хезонида давиду дар як зум аз назарҳо ғоиб шуд.
— Туфу! — аз пасаш туф кард Едигей ва бо хашм илова намуд: — Бидав, бидав, аҳмак, дер мемонӣ!
Едигей пагоҳӣ мебоист ба кор мебаромад. Бинобар ин ба исъёни Қаранор тан дода буд. Агар оқибати корро медонист, ба ҳеҷ ваҷҳ сар намедод, торс кафад, ки раҳо намекардааст. Аммо худаш дар хона набуд, атани ба ғазаб омадаро кӣ ӯҳда карда метавонист? Садқаи сар, гуфт, рафтан гирад, чор тарафаш қибла... Едигей умед дошт, ки уштураш андаке сайр карда, тасфаш мефарояд, ором мешавад...
Рӯзи дигар, чунон ки аз майдони ҷанг мунтазам ахборот мерасад, аз ҳар сӯ дар бораи амалиёти ҷангии Қаранори Бӯронӣ маълумотҳо наомаданд. Кор хӯрчин буд. Ҳамин ки қаторе дар дуроҳаи Бӯронӣ қарор бигирифт, машинист ё алавмон ё роҳнамои қатор бо ҳарорат ҳикоят мекарданд, ки дар галаҳои уштурони дигар истгоҳ ва дуроҳаҳо Қаранор чӣ гуна зулму ситам ва бедодгариҳо мекунад. Ривоят карданд, ки дар дуроҳаи Маллакумдичап Қаранор ду атанро зада-куфта нимҷон кардааст ва чаҳор модауштури галаро пеш андохта, ба дашт бурдааст. Соҳибони уштур бо машаққате чорпоёни худро аз Қаранор ҷудо карда гирифтаанд. Барои тарсониданаш ба ҳаво тир кушодаанд. Дар як ҷои дигар Қаранор савори модауштуреро зада, аз зин фаровардааст. Соҳиби уштур, аз афти кор гаранги худозада будааст, тахмин ду соат интизор нишастааст, гумон кардааст, ки атани корашро буд мекунаду модауштури ӯро ба нағзӣ рухсат медиҳад. Сонитар пай бурдааст, ки худи модауштур ҳам чандон хоҳиши зӯр надорад, ки аз чанги он авбош халосӣ ёбад ва ҳангоме, ки ба уштураш бо нияти савор шуда, ба хона баргаштан наздиктар меояд, Қаранор даррандавор ба сараш ҳамла оварда пеш кардааст. Агар соҳиби уштур дарҳол худро ба обканди чуқуре зада, муш барин дар кунче пинҳон намешудааст, Қаранор ӯро хуб лагадмол мекардааст. Уштурдор муддате бо рангу қути канда он ҷо нишаста, сони так-таки селроҳа аз ҷои мулоқот бо Қаранори Бӯронӣ дуртар рафта, роҳи гурезро пеш гирифтааст ва шукр мекардааст, ки ҷон ба саломат бурдааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо