Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
бегона ва нолозиму номафҳум менамуд. Бинобар ин ба касе сар намефаровард. Вале Қазонқоп ӯро ба роҳ дароварда тавонист. Ҳатто андаке тарсонида монд, ки ҳушёр бош, бузичаҳо бачаҳои мӯйдаррозро дӯст намедоранд, шох мезананд.
Сониян Зарифа чӣ тавр мӯйсаргирон шудани Эрмекро ҳикоят кард. Қазонқоп маҷбур шудааст, ки зӯр ба кор барад. Тани бачаро миёни зонуҳо гирифта, мӯйсарашро бо мошина тарошидааст. Доду фиғони ӯ ба сар то сари дуроҳа паҳн шудааст. Пас аз он ки мӯйсаргирӣ тамом шудааст, Букеи нармдил ба нияти таскин додани кӯдак ба дасташ оина додааст. Яъне ки ба андомат нигоҳ куну бубин, ки чӣ хел бачаи хушрӯяк шудай. Писарак ба оина нигоҳ карда, худашро нашинохтааст ва доду фардёдаш боз баландтар авҷ гирифтааст. Зарифа ӯро дар ҳамин ҳоли гирёнаш аз ҳавлӣ Қазонқоп бардошта мебурд, ки дар пайроҳа ба Едигей рӯ ба рӯ омад.
Эрмеки сарлуч ба худаш заррае монанд набуд. Гардани барахнааш ба назар муҳинак, гӯшҳояш калон-калони лапашанг менамуданд. Дар ҳолате ки аз гиря сурх шуда буд, аз дасти модар ҷаста баромаду гирьякунон худро ба оғӯши Едигей андохт.
— Амаки Едигей, бин, инҳо маро чӣ кор карданд!
Агар пештар ба Едиген Бӯронӣ мегуфтанд, ки чунин ҳоле ба сари ӯ хоҳад омад, ҳаргиз бовар намекард. Вай писаракро ба даст гирифта, ба оғӯш зер кард ва мусибати ӯро, бепаноҳии ӯ, шикоят ва умеду эътиқоди ӯро бо тамоми ҳастии худ эҳсос кард, гӯё ин мусибат ба сари худаш омада бошад. Вай сару рӯи бачаро бӯсаборон мекарду бо овозе ки аз шиддати ҳаяҷон ва раҳму риққат хаста ва гирифта мебаромад, ба маънои суханони худ чандон сарфаҳм нарафта, мегуфт:
— Ором шав, азизакам! Гирья накун. Ман дигар намемонам, ки касе туро озор диҳад, ман барои ту падар мешавам! Ман туро падарат барин дӯст хоҳам дошт, фақат гирья накун! — Ва ногаҳ назараш ба Зарифа афтод, ки дар пешаш аз ҳайрат карахт шуда меистод ва пай бурд, ки аз ҳад гузаштааст ва даступо хӯрда, дар ҳолате ки кӯдак дар даст чӣ гуна калимаҳоеро ҳиҷотомез зери лаб такрор мекард, шитобон аз пеши ӯ дур шуд: — Гирья накун! Ҳозир ман ин Қазонқопа чунон соз кунам, ки!.. Ҳозир ба вай нишон дода мемонам! Ба вай нишон медиҳам! Чунон созаш кунам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё