Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Охир, ин ҷо дар гирду пеши ту ҳамаи мо (мехост бигӯяд, ки ман) одамони худием. Фақат ноумед нашав. Кор кун, дилатро бақувват бигир. Бачаҳо бошанд, дар ҳамин ҷо, дар байни худамон ҳам (мехост бигӯяд, ки дар паҳлуи ман) ба воя мерасанд. Оҳиста-оҳиста ҳамааш нағз шуда меравад. Ба куҷоҳонда рафтани ту чӣ лозим? Мо ҳама одамони худӣ ҳастем. Ман бошам, худат дида истодай, аз бачаҳои ту як рӯз дур нашудам. — Ва дар ин ҷо лаб фурӯ баст, зеро то ба он дараҷае ки мавқеи ӯ имкон медод, арзи ҳол карда буд.
— Ҳамаашро медонам, Едике, — ҷавоб дод Зарифа. — Ташаккур ба шумоён, албатта. Медонам, ки моро ба ҳоли худ намегузоред. Лекин мо бояд аз ин ҷо биравем. То ин ки бачаҳо ҳамаи воқеаҳои ин ҷо рӯйдодаро фаромӯш кунанд. Сонӣ ман бояд ба онҳо ҳақиқатро бигӯям. Худат медонӣ, ба ин вазъият дергоҳе тоб оварда намешавад... Барои ҳамин доимо фикр карда мегардам, ки чӣ бояд кард...
— Ин, албатта, маълумқуя, — ночор розӣ шуд Едигей. — Лекин ту ин қадар шитоб накун. Боз як бор андеша кун. Бо ин бачаҳои ёш ба куҷо меравӣ, дар куҷо паноҳе меёбӣ? Ҳамин ки рафтани шумою ин ҷо мондани худамро пеши назар овардам, диламро ваҳм зер мекунад...
Дар воқеъ ҳам Едигей аз тақдири онҳо, аз тақдири Зарифа ва бачаҳояш таҳаммуле дошт ва аз ин сабаб ба оянда назар карданӣ шавад ҳам, аз фардо онсӯтар намегузашт, ҳарчанд мефаҳмид, ки дер давом кардани ин ҳол номумкин аст.
Пас аз чанд рӯзи ин сӯҳбат воқеае рух доду Едигей сирри дилашро тамоман ошкор намуд ва баъд сахт пушаймон шуд, аммо чӣ илоҷ: худкардаро даво нест, вовайлон пинҳонӣ.
Аз он сафари фаромӯшношуданӣ ба Кумбел, аз он рӯзе ки Эрмек аз устои сартарош гурехта, нагузошт мӯйсарашро бигирад, муддати зиёде гузашт. Писарак ҳамчунон жӯлидамӯй мегашт ва гарчи мӯи чингила ба худаш хеле зезебид, вале гесуи расидаи ин якраҳаи майдаяки тарсончакро кайҳо буридан лозим буд. Едигей дар ҳар мавриди муносиб сари ӯро ба оғӯш гирифта, мебӯсид ва бӯи хуши сари кӯдакро ба димоғ мекашид. Аммо кокул расида, ба сари китфонаш фаромада буд ва ҳангоми бозӣ ва даволавҳо халалаш мерасид. Зарурати мӯйсаргирӣ барои кӯдак, аз афташ, як амри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё